Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоиров гуфт, барои баргузории гирдиҳамоӣ дархост медиҳад


Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) гуфт, дар давоми даҳ рӯзи оянда барои баргузории гирдиҳамоӣ дар панҷ минтақаи кишвар ба мақомот ариза хоҳанд супурд.

Раҳматилло Зоиров рӯзи 6-уми март дар баёнияи расмӣ дар "Фейсбук" гуфт, аммо пеш аз он бояд мутасаддиёну иштирокдорон ва шумораи тахминии онҳо, вақт ва ҷойи баргузории гирдиҳамоӣ муайян карда шавад.

"Ин чизест, ки қонун талаб мекунад ва дар навбати аввал бо ҳадафи таъмини амнияти шаҳрвандон аст", - афзуд ӯ.

Раҳматилло Зоиров дар изҳороташ гуфтааст, ҳизби ӯро ба тарсуӣ муттаҳам накунанд, чун ба ҳар гуна шиорҳо дода нахоҳанд шуд. Вай илова кардааст, агар мақомот ба аризаи онҳо ҷавоби рад диҳанд, он вақт "дурнамо ва тарзи нави муборизаи сиёсиро пеш хоҳанд гирифт", вале дар ин бора ҷузъиёт надодааст.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар интихоботи порлумонии якуми март аз рӯи феҳристи ҳизбӣ бо панҷ номзад иштирок кард, вале ба иттилои мақомот тақрибан ним дарсади раъйи мардумро ба даст овард. Намояндаҳои ин ҳизб аз ҳавзаҳои якмандатӣ номзадии худро пешбарӣ накарда буданд.

Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон то замоне ки садди панҷдарсадиро нагузаранд, вориди порлумон нахоҳанд шуд.​

XS
SM
MD
LG