Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон ва Путин дар робита ба Сурия гуфтугӯ карданд


Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Владимир Путин.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Владимир Путин.

Москва ва Анқара ба созиш расиданд, ки аз 6-уми март дар вилояти Идлиби Сурия оташбас эълом карда шавад. Ин тасмим пас аз мулоқоти раҳбарони Русия ва Туркия - Владимир Путин ва Раҷаб Эрдуғон дар Кремл гирифта шуд. Дар созишнома омадааст, ки низои Сурияро намешавад аз роҳи низомӣ ҳал кард.

Президенти Русия гуфт, Маскав ва Анқара дар бораи ҳаводиси ҷории Сурия мунтазам дар тамос ҳастанд. "Бо шарикони турк дар робита ба баҳогузории рӯйдодҳои Сурия на ҳамеша мувофиқем. Вале дар ҳолатҳои изтирорӣ ҳамеша тавонистаем роҳҳалеро пайдо кунем. Ин бор низ тавонистем",-қайд кард Путин.

Ӯ пеш аз оғози музокирот гуфт, бояд коре кард, ки рӯйдодҳои Идлиб "такрор нашаванд" ва "муносибатҳои Русиву Туркияро ба ҳам назананд". Путин дар робита ба ҳалокати низомиёни турк изҳори ҳамдардӣ карда, гуфт, артиши Сурия огоҳона онҳоро ҳадаф қарор надодааст.

Эрдуғон дар навбати худ изҳори умед кард, ки натиҷаи гуфтугӯҳояш бо Путин вазъ дар Идлибро беҳтар хоҳад кард.

Задухурдҳо ҳоло дар Идлиб идома доранд. Нерӯҳои Туркия муқобила бо артиши Сурияро идома дода, дар давоми рӯзҳои ахир чандин ҳавопаймои низомии онро сарнагун сохтанд

XS
SM
MD
LG