Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти зиддиинҳисорӣ камчинии ғизоро "овозаҳои бардурӯғ" номид


Дар пасманзари овозаҳои камчин шудани ғизо бархе нафарон якбора чандхалтаӣ орд захира мекунанд. Бозори "Меҳргон"-и Душанбе, 5 март
Дар пасманзари овозаҳои камчин шудани ғизо бархе нафарон якбора чандхалтаӣ орд захира мекунанд. Бозори "Меҳргон"-и Душанбе, 5 март

Як ниҳоди дигари давлатии Тоҷикистон овозаҳо оид ба гӯё болоравии нарху камчинии анвои хӯрокворӣ “дар пасманзари паҳншавии короновирус”-ро “беасос” ва “танҳо овозаҳои бардурӯғ” номидааст. Рӯзи 5 март Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон бо пахши изҳороте талош кард воҳимаи дар миёни мардум баамаломадаро аз байн барад. Изҳороти ин ниҳод дар ҳоле нашр шуд, ки субҳи панҷшанбе мақомоти дигар сохторҳои ҳукуматӣ - вазорати беҳдошт ва ҳам вазорати молия мардумро ба оромӣ даъват карда гуфтанд, ки ба овозаҳои атрофи камчин шудани маҳсулоти ғизо дода нашаванд.

Вазорати беҳдошт таъкид кард, ки ба ҷуз беш аз 300 нафари таҳти карантин қарордошта, дар Тоҷикистон ҳеҷ як ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва мардум набояд ба воҳима дода шаванд. Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар изҳороташ гуфт, ки “баландшавии нархҳо ва камчинии маводи ғизоӣ танҳо овозаҳои бардурӯғ буда, захираи маводи ғизоӣ дар бозорҳои кишвар ба қадри зарурӣ мавҷуд” аст. Ин ниҳод гуфтааст, ки корхонаҳои истеҳсолии маҳаллӣ бо низоми маъмулӣ кори худро идома медиҳанд”. Шурӯъ аз дирӯз дар бозору фурӯшгоҳҳои саросари Тоҷикистон ҳангомае мушоҳида мешавад.

Дар наворҳои видеоии корбарони Радиои Озодӣ аз кунҷу канори кишвар дида мешавад, ки мардум барои харидани халтаҳои орзу равған ва дигар анвои ҳӯрокворӣ дар навбатҳои тӯлонӣ қарор доранд. Ин таҷаммӯъҳо бо овозаҳои гӯё паҳн шудани коронавирус рабт мегиранд. Айни замон, мақомот гуфтанд, ки дар идомаи тадбирҳои ҷилавгирикунанда аз эҳтимоли паҳншавии вируси нав шурӯъ аз 4 март намозгузории дастаҷамъӣ дар масҷидҳои кишварро муваққатан манъ карда, аз ташкили маршировка ваё тамринҳои дастаҷамъии муҳассилони мактабу донишгоҳҳо дар остонаи ҷашни Наврӯз худдорӣ мекунанд.

Дар як изҳороти рӯзи панҷшанбеи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандон машварат шудааст, ки аз сафар ба кишварҳое, ки он ҷо шумори гирифторон ба коронавирус зиёд аст, худдорӣ кунанд. Ин кишварҳо Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Итолиё, Афғонистон ва Чин мебошанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин ва шаҳри Вуҳан макони пайдошавии коронавирус дар моҳи декабр маҳсуб меёбанд, ки аз он замон то кунун ба беш аз 95 ҳазор нафар дар ҷаҳон сироят карда, боиси марги 3200 нафар шудааст. Аксари ин ҳодисаҳо дар Чин ба қайд гирифта шудаанд. Тоҷикистон дар охири моҳи январ иртиботи ҳавоиву заминӣ ва мубодилаи молу мавод бо Чин ва маҳсулоти чиниро муваққатан қатъ кард.

XS
SM
MD
LG