Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари сирояти бемории нав ба як қирғизистонӣ рад шуд


Киштии Diamond Princess.
Киштии Diamond Princess.

Шаҳрванди Қирғизистон дар киштии Diamond Princess дар обҳои соҳили Ҷопон, ки эҳтимол мерафт, ба коронавирус мубтало гаштааст, аз беморхона рухсат шуд.

Дар ин бора ситоди вижаи ҳукумати Қирғизистон барои пешгирӣ аз паҳни коронавирус бо изҳори миннатдорӣ ба ҷониби Ҷопон хабар додааст. Ба иттилои ситод, шаҳрванди Қирғизистон аз беморхона рухсат ва дар яке аз меҳмонсаройҳои Токио ҷойгир карда шудааст.

"Натиҷаҳои ташхиси шаҳрванди кишвари мо манфӣ баромадааст. Ӯ дар ин бора аз беморхонаи Ҷопон санад дорад ва ҳоло дар Токио бидуни мушкил равуо менамояд",-афзудааст ситод.

Муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон Нурлан Абдураҳмонов 28-уми феврал гуфта буд, ки ин шаҳрванди кишвараш ба коронавирус мубтало шудааст. Вале ташхисҳои баъдӣ манфӣ баромадаанд.

Киштии Diamond Princess аз шаҳри Йокогами Ҷапон рӯзи 20-уми январи имсол ба сафари дуҳафтаина баромад. Дар Ҳонконг яке аз мусофирон ба соҳил баромад ва дар ҷисми ӯ вируси корона мушоҳида шуд. 3-юми феврал киштӣ ба бандари Йокогами баргашт. Мақомоти Ҷопон 2 ҳазору 666 мусофир ва 1 ҳазору 45 маллоҳи киштиро ба карантин гирифтанд. Дар ин киштӣ дар маҷмуъ бештар аз 690 ҳолати гирифторӣ ба вирус сабт шуд. Се мусофири он вафот кард ва карантин 19-уми феврал бекор шуд.

XS
SM
MD
LG