Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КБО: Бозиҳои олимпии Токио бетаъхир баргузор мешаванд


Токио, Ҷопон.
Токио, Ҷопон.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (КБО) дар шаҳри Токио дар санаи муайяншуда - аз 24 июл то 9 августи соли равон баргузор хоҳанд шуд. Дар ин бора Кумитаи байналмилалии олимпӣ пас аз баррасии хатарҳои коронавирус тасмим гирифтааст.

Кумита аз ҳамаи варзишгарон даъват кардааст, ки ба тамрину омодагии худ идома диҳанд. Қарордоди баргузории Бозиҳои олимпӣ ба Токио ҳақ медиҳад, ки онро то охири сол ба таъхир гузорад. Танҳо КБО метавонад баргузории бозиҳоро манъ кунад.

Сару садоҳо дар бораи эҳтимоли баргузор нашудани Бозиҳои олимпии тобистона баъди он ба миён омаданд, ки баъзе аз мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба иллати коронавирус ё баргузор нашуданд ё бидуни тамошобинон баргузор гаштанд.

Мақомоти Ҷопон гуфтанд, ба Бозиҳои олимпӣ ҳеч чизе таҳдид намекунад. Барои омодагӣ ба бозиҳо аллакай беш аз 12 миллиард доллар сарф шудааст.

Коронавирус охирҳои моҳи декабри соли 2019 дар Чин ошкор шуд. Бино ба маълумоти ахир, ҳоло дар дунё беш аз 90 ҳазор одам ба он мубтало шуда, шумори қурбониён аз 3 ҳазор гузашт. Одамон аз ҳама бештар дар Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон ва Итолии ба он мубтало шудаанд.

XS
SM
MD
LG