Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Самарқанд 2 мард барои дар кӯча тани урён гаштан 15 рӯз ҳабс шуданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Самарқанди Узбекистон мардоне, ки бо тани урён ба кӯча баромада буданд, аз 10 то 15 шабонарӯз ҳабс шуданд.

Бар асоси қарори додгоҳи Самарқанд аз 2-юми март, шаҳрвандон Ж.Н. ва У.Т. бар асоси банди "Майдаавбошӣ"-и Кодекси маъмурии Узбекистон 15 рӯз ва шаҳрванд Х.Д. 10 рӯз ҳабс шудаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки рӯзи 29-уми феврал, тахминан соатҳои 23:00-и шаб ду мард дар чорроҳаи кӯчаҳои Туркистон ва Амир Темури Самарқанд урён мегаштанд. Онҳоро марде дар мошин ҳамроҳӣ мекард.

Дертар маълум шуд, ки онҳо сокинони 28, 41 ва 44-солаи ноҳияи Ҷамбойи вилояти Самарқанд будаанд. Сокинони мазкур ҳангоми бозпурсӣ гуфтаанд, ки маст буданд.

XS
SM
MD
LG