Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон бо назардошти коронавирус ҷашнвораи 8 мартро бекор кард


Озмоиши мусофирон дар фурудгоҳи Алматоб 21 январи соли 2020
Озмоиши мусофирон дар фурудгоҳи Алматоб 21 январи соли 2020

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев маъракаҳои идонаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон бо сабаби пешгирӣ аз коронавирус бекор кард.

Тоқаев гуфт: "Ман қарор кардам, ки ҷаласаи идона ва консерт дар [шаҳри] Нурсултон баргузор нашаванд. Ин кор бо сабаби паҳншавии коронавирус дар саросари ҷаҳон сурат мегирад. Ба ҳамаи занҳо саломатии олӣ ва хушбахтӣ орзу мекунам", навиштааст Тоқаев дар шабакаи Twitter.

Раҳбари пешинаи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳар сол ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон 8 март ҷаласаи бузургеро бо ширкати занони номдор ва фаъоли кишвар баргузор мекард. Ин ҳамоишҳо ва консерти ситораҳи ҳунар, ки ба дунболи он баргузор мешуд, тавассути шабакаҳои телевизионӣ пахш мегардид. Вокуниши Назарбоев ба ин қарор расонаӣ нашудааст.

Охирин ҷашн 8 марти соли гузашта ҷараён гирифт ва баъди он рӯзи 19 март Назарбоев аз мақомаш истеъфо дод. Вале бино бар қонунҳои ислоҳшуда Назарбоев ҳамоно абзори асосии қудратро дар Қазоқистон дар даст дорад.

Дар рӯзҳои охир, аз сабаби паҳн шудани коронавирус, Қазоқистон парвозҳоро ба чанд кишвар қатъ ё маҳдуд кард. Қазоқистон то ҳол дар бораи ҳолатҳои тасдиқшудаи гирифторӣ ба ин вирус, ки аз аввали пайдоишаш дар Чин дар охири соли гузашта 89 000 нафарро дар беш аз 60 кишвар сироят кардааст, хабар надодааст. 2 март шумораи фавтидагон аз Ковид-19, беморие, ки ин вирус ба миён омадааст, дар Чин ба беш аз 3000 нафар расид.

XS
SM
MD
LG