Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти 12 нафари дигар аз коронавирус дар Эрон


Эрон
Эрон

Вазорати тандурустии Эрон боз аз марги 12 нафар аз коронавирус хабар дод, ки шумораи фавтидагонро ба 66 нафар мерасонад.

Телевизиони давлатӣ рӯзи 2-юми март гузориш дод, узви шӯрое, ки ба раҳбари олии Эрон машварат медиҳад, дар миёни фавтидагон мебошад.

Радиои давлатӣ хабар дода, ки Муҳаммад Мирмуҳаммадӣ – узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом аз вирус дар беморхонаи Теҳрон даргузашт. Вай 71-сола будааст.

Марги Мирмуҳаммадӣ вақте рӯй медиҳад, ки дигар мансабдорони воломақоми эронӣ ба ин вирус гирифтор шудаанд. Эрон дар сатҳи марг дар ҷаҳон пас аз Чин, ки маркази паҳншавии вирус аст, дар ҷойи баландтарин мебошад.

Дар миёни онҳое, ки мубталои ин вирусанд, ноиби президент Маъсума Ибтикор ва Эраҷи Ҳарирчӣ ҳастанд, ки роҳбари як гурӯҳи кории ҳукумати Эрон, барои пешгирии паҳншавии вирус буд.

Дар саросари Ховари Миёна беш аз 1150 ҳолати коронавируси нав сабт карда шудааст, ки бисёрии онҳо ба Эрон пайванд доранд. Сафорати Бритониё дар Теҳрон эълом кард, ки аз сабаби паҳншавии вирус ба кӯчидан сар кардааст.

XS
SM
MD
LG