Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон хостанд, Шовалиев аз Австрия истирдод нашавад.


Ҳизбулло Шовализода
Ҳизбулло Шовализода

Гуруҳе аз паноҳҷӯён ва фаъолони мухолифони тоҷик дар шаҳри Вена ҷамъ омада, аз мақомоти Австрия хостанд, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба Душанбе истирдод накунанд. Онҳо мегӯянд, дар сурати бозпас фиристодани яке аз ҳаммаслаконашон Ҳизбулло Шовализода ба Душанбе мумкин аст, ӯро азобу шиканҷа кунанд.

Ҷавони 29-солаи тоҷик, ки ба гуфтаи мухолифон аз тарафдорони онҳост, дар Тоҷикистон ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад. Худаш ин иддаоҳоро рад карда ва ба мақомоти Австрия барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат кардааст. Дар видеои гирдиҳамоӣ, ки фаъолони мухолифон дар Фейсбук нашр кардаанд, дида мешавад, ки чанд нафаре аз онҳо баландгӯ аз мақомоти Австрия мехоҳанд, Шовализодаро ба Душанбе нафиристанд.

Дар баёнияе, ки гирдиҳамомадагон дар Фейсбук нашр кардаанд, омадааст, “ҳукумати Тоҷикистон ба ҳар баҳонаву туҳматҳои беасос мухолифини мусолиматомези худро таҳти таъқибу фишор қарор медиҳад”. Мақомоти Тоҷикистон доир ба парвандаи Ҳизбулло Шовализода чизе нагуфтаанд, аммо номи ӯ дар як феҳрасти “ифротгароён ва террористон” аст, ки ҳукумати Тоҷикистон тартиб додааст. Дар ин феҳраст номи мухолифони давлат низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG