Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷуғрофиёи коронавирус васеътар мешавад


Коронавирус дар Эрон.
Коронавирус дар Эрон.

Мақомоти ИМА аз марги дуюмин амрикоӣ аз коронавирус хабар доданд. Марди 70-солае аз як маркази пиронсолон дар наздикии Сиэттл рӯзи 1-уми март даргузашт. Дар ин бора мақомоти соҳаи тандурустӣ дар шимолу ғарби иёлати Вашингтон гузориш доданд. То шаби якшанбе дар Иёлоти Муттаҳида 88 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Тибқи иттилои телевизиони давлатии Кувайт, рӯзи 2-юми март дар ин кишвар 10 ҳодисаи нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Шумораи гирифторон ба ин вирус ҳоло дар Кувайт ба 46 нафар расидааст.

Шотландия ва Ҷумҳурии Доминикан рӯзи 1-уми март дар бораи аввалини ҳолатҳои гирифторӣ ба вирус хабар доданд. Инчунин ИМА аз аввалин ҳолат дар Роуд Айленд ва Ню-Йорк гузориш дод.

"Юнайтед Эйрлайнс" гуфтааст, гумон меравад, ки парвозҳо кам карда шаванд, зеро бисёре аз сайёҳон ва тоҷирон аз сабаби паҳн шудани коронавирус, дар хонаҳояшон мемонанд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 1-уми март гуфт, ки ҳоло беш аз 86,000 нафар ба вирус олуда шудаанд ва ҳадди аққал 3000 нафар аз беморӣ фавтидаанд.

Ҳолатҳои гирифторӣ ба ин вирус ҳадди аққал дар 63 кишвар тасдиқ шудааст.

XS
SM
MD
LG