Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарони ҳамла ба тарабхонаи духтари сафири Узбекистон муҷозот мешаванд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Се ҷавон аз ноҳияҳои Марғелон ва Қуштепаи Узбекистон пас аз он ки муҳофизон онҳоро ба тарабхонаи "Суел"-и шаҳри Фарғона роҳ надоданд, бо ҳаво додани санг шишаҳои дару тирезаи тарабхонаро шикаста, аз маҳаллӣ ҳодиса фирор кардаанд.

Бино ба хабарҳо, ҷавонон ҳангоми фирор бо мошин роҳгузареро пахш кардаанд. Як манбаи огаҳ аз қазия дар Фарғона гуфт, тарабхонаи "Сеул" ба Елена Фен, духтари сафири Узбекистон дар Кореяи Ҷанубӣ Виталий Фен тааллуқ дорад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо дар додситонии вилояти Фарғона, ҳодиса соати 11- шаби 19 феврали соли равон рух дода, худи гумонбарон сокинони Марғелон Фарҳод Ғафуров ва Давлатбек Орифҷонов, сокини Қуштепа Отабек Худойбердиев боздошт ва ҳабс шудаанд.

Зидди ҷавонон бо бандҳои "Омодагӣ ба ҷинояткорӣ ё қасди куштор" ва "Куштори барқасдона" айб эълон карда шудааст. Вакили дифои боздоштшудаҳо мегӯяд, бо вуҷуди он ки дар ҳодиса касе ҷон набохтааст, зидди шахсони зери ҳимояи ӯ бо банди куштор парванда боз кардаанд. "Зеро тарабхона ба духтари сафири Узбекистон дар Кореяи Ҷанубӣ тааллуқ дорад", - гуфт падари яке аз гумонбарон.

Дар Додситонии вилояти Фарғона тасдиқ карданд, ки тарабхонаи "Сеул" аз духтари сафири Узбекистон дар Кореяи Ҷанубӣ аст. Тамосҳои батакрори хабарнигорон бо хонаводаи Фенҳо бенатиҷа буданд.

XS
SM
MD
LG