Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯронидани партовҳои кони тило эътирози қирғизҳоро ба бор овард


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҷамъоварии партовҳои кони тилои Иштамбердии ноҳияи Ала-Букини Қирғизистон дар назди деҳаи Шекафтар эътирози сокинони маҳаллиро ба бор овардааст. Сокинони Шекафтар шаби 27-уми феврал видеоеро ба навор гирифтаанд, ки нишон медиҳад, чи гуна партовҳо аз ҳудуди кон берун бурда мешавад.

Яке аз сокинони Шекафтар ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, партовҳоро ду мошин меоварданд: "Яке аз ронандаҳо гуфт, ба кони Бозумчак дору мебаранд, вале дувумӣ изҳор дошт, ки партовҳои конро мебаранд. Аз он нигаронем, ки шояд ин партовҳо маводи хатарноке бошанд ва ба саломатии сокинону муҳити зист зарар расонанд".

Сухангӯи пулиси вилояти Ҷалолободи Қирғизистон Нурдин Жээнтаев гуфт, сокинони Шекафтар дар ин бора муроҷиат кардаанд ва дар робита ба қазия санҷиш идома дорад.

Тавре маълум гашт, соҳибкори маҳаллӣ - сокини Шекафтар бо ширкати "Фулл Голд Майнинг", ки бо истихроҷи кони тилои Иштамбердӣ машғул аст, созишнома ба имзо расонида, зери хок кардани партовҳоро бар зимма гирифтааст. Вале сокинон хабар надоштаанд.

XS
SM
MD
LG