Вазорати нақлиёти Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки миёни шаҳри Фарғонаи ин кишвар ва Алматои Қазоқистон ҳаракати автобусҳои мусофирбар роҳандозӣ мешавад.
Автобусҳо дар масири "Фарғона-Алмато" аз 4-уми марти соли равон ба ҳаракат медароянд. Дарозии масир 1202 километрро ташкил дода, мусофирон метавонанд билети автобусҳоро дар истгоҳҳои Фарғона ва "Сайран"-и Алмато дастрас кунанд.
Дар масири мазкур автобусҳои ширкатҳои "Uzautotrans Service" ва "Тулпар-Байконир" хидмат хоҳан расонд.
Ҳаракати автобусҳои мусофирбар миёни Узбекистон ва Қазоқистон дар аввали солҳои 90-ум қатъ шуда буд. Вале мақомоти ду кишвар аз аввали моҳи январи соли 2018 ҳаракати автобусҳоро миёни чандин шаҳри худ, аз ҷумла дар масирҳои "Тошканд-Чимкент" ва "Тошканд-Алмато" дубора ба роҳ монданд.