Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия 2 ҳавопаймои низомии артиши Сурияро сарнагун кард


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати дифои Туркия гуфт, нерӯҳои ин кишвар ду ҳавопаймои низомии артиши Сурияро дар осмони вилояти Идлиб сарнагун сохтанд. Дар Идлиб задухурдҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифони Сурия идома дорад.

Ба иттилои вазорат, ду ҳавопаймои зарбазани "Су-24"-и артиши президенти Сурия Башор Асад баъди кӯшиши ҳадаф қарор додани ҳамопаймоҳои низомии Туркия сарнагун шудаанд. Вале гуфта нашудааст, ки ҳавопаймоҳоро аз замин ё аз осмон ҳадаф қарор додаанд.

Хабаргузории расмии Сурия - SANA навиштааст, ки халабонҳои ҳар дуи ҳавопаймо наҷот ёфтаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шудааст, ки нишон медиҳад ҳавопаймое ҳадафи як мушак қарор мегирад ва корбарон навиштаанд, ки ин навор дар вилояти Идлиб сабт шудааст.

Пештар дар бораи сарнагун шудани як ҳавопаймои дигари низомии Сурия хабар дода шуд, вале дертар маълум гашт, ки он ҳавопаймои бесарнишини марбут ба неруҳои Туркия будааст.

Вазири дифои Туркия Хулусӣ Акар рӯзи якшанбе гуфт, ин кишвар дар посух ба кушта шудани беш аз 30 низомии худ дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии артиши Асад дар шимолу ғарби Сурия амалиёти "Сипари баҳор"-ро оғоз мекунад.

XS
SM
MD
LG