Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия гуфт, муҳоҷирон озими Аврупо шудаанд


Муҳоҷирон дар назди вилояти Эдирне
Муҳоҷирон дар назди вилояти Эдирне

Сулаймон Сойлу, вазири умури хориҷии Туркия гуфт, даҳҳо ҳазор аз муҳоҷирон рӯзи 1-уми март аз марзи ин кишвар гузашта ба самти кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо рафтаанд. Анкара аз пештар ишора кард, ки дигар монеи муҳоҷироне намешавад, ки мехоҳанд ба қаламрави Аврупо бирасанд.

Фронтекс, ниҳоди масъули марзҳои Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки дар ҳолати омодабош аст ва Юнон, ҳамсоякишвари Туркия кӯмак мефиристад. Андаке пештар аз баёнияи Сулаймон Сойлу, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират гуфт “камаш 12 ҳазор нафар” дар марзи Туркия бо Юнон, узви Иттиҳоди Аврупо ҷамъ шудаанд.

Сулаймон Сойлу субҳи рӯзи 1-уми март дар Твиттер навишт, ки тақрибан 76 358 муҳоҷир аз тариқи вилояти вилояти Эдирне Туркияро тарк карда ба самти Юнону Булғористон рафтаанд. Аммо ин ду кишвар хабари мазкурро ҳоло тасдиқ накардаанд. Мақомоти Юнон, ки назорати марзро тақвият бахшидаанд, гуфтанд, ки монеи 10 ҳазор нафар шудаанд, ки мехостанд, вориди кишвар шаванд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия пештар гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо ба кишвараш барои нигаҳдории миллионҳо муҳоҷир кумак накардааст, аз ин рӯ марзи Туркияву Иттиҳодияи Аврупоро барои муҳоҷирон боз мекунад. Туркия мизбони бештар аз 3 миллион муҳоҷир аз Сурия ва Афғонистону дигар кишварҳои Ховари Миёна аст.

XS
SM
MD
LG