Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия роҳи паноҳҷӯёнро ба Аврупо кушод. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 29-уми феврал садҳо паноҳҷӯй ба ҳадафи расидан ба Аврупо марзи Туркияро гузаштанд. Қабл аз он мансабдорони турк иброз доштанд, ки марзро боз мекунанд.

Ин ҳодиса баъди куштори 33 сарбози туркӣ аз тарафи артиши Сурия ба вуқӯъ пайваст, ки зери ҳимояи Русия аст.

Рӯзи панҷшанбе Маскав ва Анкара якдигарро масъули ҳамла дар қисмати шимолу ғарбии Сурия номиданд. Дар низоъҳои тахминан 30 соли гузашта Туркия дар рӯз чунин талафоти бузурги ҷонӣ надода буд.

Шӯрои Амнияти СММ ҷаласаи изтирорӣ доир намуд, то аз ҷанги рӯирости Русия бо Туркия – кишвари узви Паймони НАТО – ҷилавгирӣ кунад.

Паноҳҷӯён ба хабарнигори “Рейтерс” таъкид кардаанд, ки бо умеди зиндагии беҳтару шоиста озими Аврупо шудаанд.

Аз соли 2016 Туркия садди убури паноҳҷӯён ба кишварҳои Аврупо ба шумор меравад.

Кишварҳои аврупоӣ, ки бо ишора ба сирояти коронавирус роҳҳои маҳдуд намудани муҳоҷират ба ин қораро баррасӣ мекунанд, аз эҳтимоли мавҷи нави паноҳҷӯён нигарон шудаанд.

Садҳо паноҳҷӯй марзи Туркияро рахна карда, озими Аврупо шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00
XS
SM
MD
LG