Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои Сеул-Тошканд ба гумони гирифтории як мусофир ба вирус аз нимароҳ баргашт


Фурудгоҳи Тошканд, 12 феврал, 2020.
Фурудгоҳи Тошканд, 12 феврал, 2020.

Дар ду мусофире, ки аз 23 то 27 феврали соли равон ба Узбекистон сафар кардаанд, нишонаҳои эҳтимолии коронавирус ошкор шудааст. Ҳолати аввал марбут ба мусофире аз Чин аст, ки тавонистааст бидуни монеа тавассути фурудгоҳи Тошканд вориди Узбекистон шавад.

Мусофири дувум 27 феврал аз шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ба Узбекистон парвоз карда, феълан дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд нигаҳдорӣ мешавад. Дар ин бора вазири тандурустии Узбекистон Алишер Шодмонов 27 феврал дар як ҷаласа иттилоъ дод.

"Ҳавопаймо аз Сеул ба Тошканд парвоз кард. Танҳо пас аз се соати парвоз яке аз мусофирон худро нохуб ҳис мекунад ва ҳавопаймо низ маҷбур мешавад, баргардад. Дар фурудгоҳи Сеул мусофирро мошини "Ёрии таъҷилӣ" пешвоз мегирад. Вале дар бораи эҳтимоли мубтало будани яке аз мусофирон ба коронавирус танҳо пас аз фуруд омадани ҳавопаймо дар Тошканд хабар доданд. Дар натиҷа ҳамаи мусофирон ва ҳайати экипаж дар макони махсус нигаҳдорӣ ва аз ташхис гузаронида шуданд. Дар ҳоли ҳозир онҳо дар як толори фурудгоҳи Тошканд дар карантин ҳастанд. Бояд дар фурудгоҳи Тошканд барои ин гуна мусофирон макони махсус вуҷуд медошт, вале мутассифона чунин ҷой нест. Агар вазъ дар фурудгоҳи Тошканд ин тавр аст, фурудгоҳҳои дигар дар кадом ҳол бошанд?!", - изҳор дошт Шодмонов.

Як корманди соҳаи тандурустии Узбекистон, ки дар ҷаласаи мазкур иштирок дошт, мегӯяд, дар фурудгоҳҳои он кишвар ҳеч гуна шароите барои фаъолияти кормандони тиббӣ фароҳам нашудааст. Табиби узбеке, ки дар ҷаласаи 27-уми феврал ҳузур дошт, гуфт, дар он ягон хел нақша ё тасмими дақиқ барои мубориза бо коронавирус гирифта нашудааст.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео, ки миёнаҳои моҳи феврал аз Қазоқистон ва Узбекистон боздид карда буд, гуфт, дар ин ду кишвари Осиёи Марказӣ барои муқобила бо коронавирус ҳеч имкониятҳое дида намешавад.

"Зербиноии Қазоқистону Узбекистон ба ин кишварҳо имконият намедиҳад, ки бо коронавирус мубориза баранд. Бинобар ин, ИМА тасмим дорад, дар мубориза ба ин вирус на танҳо ба Чин, балки ба ду кишвари мазкур низ кумак расонад",-афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG