Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон барои таҳияи шиносномаҳои биометрӣ боз озмун эълом кард


Хадамоти қайди давлатии Қирғизистон барои таҳия ва воридоти бланкаи шиносномаҳои электронии шаҳрвандони ин кишвар озмун эълом кард.

Ин ниҳод тасмим дорад, барои таҳияи шиносномаҳо 973 миллиону 123,5 ҳазор сом ҷудо кунад. Дархостҳо барои иштирок дар озмун то 19-уми марти соли равон қабул карда мешаванд. Пештар дар Хадамоти қайди давлатии Қирғизистон гуфта буданд, ки то соли 2021 шаҳрвандонро бо шиносномаҳои биометрӣ таъмин мекунанд.

Дар Қирғизистон қарор буд, сар аз соли 2019 нашри шиносномаи умумишаҳрвандии электронӣ шуруъ шавад. Дар соли 2018 мақомоти Қирғизистон озмуни хариди бланка ё варақаҳои шиносномаҳои навро эълом карданд. Панҷ ширкати хориҷӣ дар ин озмун иштирок карданд ва ширкати литвонии "Гарсу Пасаулис" пирӯз эълом шуда буд. Аммо ширкати олмонии Muhlbauer ID Services ва фаронсавии IDEMIA France гуфтанд, ки "дар ҷараёни озмун тақаллуб сурат гирифтааст". Ин ширкатҳо бекорсозии натиҷаи озмунро талаб карданд.

Моҳи феврали соли 2019 аз рӯи тақаллубкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз ва намояндагони Хадамоти сабти номи давлатии Қирғизистон дар фасодкорӣ айбдор шуданд. Талант Абдуллоев, як масъули Хадамоти сабти номи давлатии Қирғизистон дар навори видеоие эътироф кард, ки аз манфиатҳои ширкати литвонӣ ҳимоят кардааст ва ширкат ба вай 20 ҳазор доллар пора додааст.

XS
SM
MD
LG