Президенти Украина Владимир Зеленский фармони таъйини "Рӯзи муқобила бо ишғол шудани Қрим аз сӯи Русия"-ро имзо кард. Ин рӯз ҳамасола 26-уми феврал таҷлил мешавад.
Маҳз соли 2014 дар ҳамин рӯз дар Симферопол тазоҳуроти тоторҳои Қрим зидди ишғоли нимҷазира баргузор шуда буд. Алайҳи онҳо ҷонибдорони пайвастани Қрим ба ҳайати Русия бархостанд, ки дар натиҷаи задухӯрд ду нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шуданд. Як рӯз пас порлумон раъйпурсии пайвастани Қрим ба Русияро таъйин кард.
Намояндаи Кремл Дмитрий Песков гуфт, "фармони Зеленский вазъияти воқеии умур ва далелҳоеро инъикос намекунад, ки сокинони Қрим бар асоси онҳо тасмими пайвастан ба Русияро гирифтанд".
Зеленский 26-уми феврал ҳангоми суханронӣ дар анҷумани "Age of Crimea" дар Киев гуфт, масъалаи Қрим ҳаргиз аз рӯзномаи мулоқотҳо бардошта намешавад ва ин мавзуъ дар ивази "сулҳ дар Донбасс" низ фаромӯш нахоҳад шуд.
Русия соли 2014 бар асоси натиҷаи раъйпурсӣ Қримро ишғол кард. Нимҷазира бар хилофи қонунгузории Украина ва баъди ғасб шудан аз сӯи низомиёни рус ба ҳайати Русия пайваст. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ба хотири ғасби Қрим зидди Русия таҳримҳои иқтисодӣ эълом карданд. Москва ишғоли нимҷазираро рад карда, мегӯяд, "адолати таърихӣ барқарор шудааст".