Рӯзи 26 феврал рӯзноманигори тоҷик Наргис Қосимова раиси Эътилофи бонувони журналист интихоб шуд. Ин созмон соли 2016 таъсис шуда, ба гуфтаи муассисонаш, ҳадафаш муттаҳид кардани журналистони зан ва ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо мебошад. Дар гузашта ин созмонро журналистони тоҷик Муҳайё Нозимова ва Салимахон Ваҳҳобзода раҳбарӣ кардаанд.
Наргис Қосимоваи 43-сола журналисти бахши русии ТВ “Сафина” буда, инчунин раҳбарии созмони ҷамъияти “Даст ба даст”-ро ба ӯҳда дорад, ки як мактаби журналистони наврас мебошад. Қосимова дар як сӯҳбати мухтасари телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ин мақом ба муддати як сол интихоб шудааст.
Эътилофи бонувони журналист мегӯяд, ки ҳадафаш ҳимоят аз манфиатҳои занони журналист, боло бурдани савияти касбии журналистону донишҷӯён ва роҳандозии фаъолиятҳои маърифатӣ мебошад. Ин созмон ҳар сол ба ҳамкасбонашон ҷоизаҳои касбӣ тақдим мекунад, ки «Ҷоиза ба номи Бӯриннисо Бердиевой барои саҳм дар рушди журналистикаи тоҷик», «Беҳтарин матлаб дар матбуоти чопӣ ва интернетӣ », «Беҳтарин матлаби радио/ТВ» ном доранд.
Вале айни замон, бархе ба ин назаранд, ки фаъолияти ин созмон зиёд бориз набуд. Қосимова дар посух ба ин интиқод гуфт: “Ба фикри ман, ҳама гуна созмон, ҳама гуна гурӯҳи ташаббускор, ки аз худ дарак додааст, ҳақи зистанро дорад, ҳақи фаъолият карданро дорад, новобаста аз он ки дар борааш чӣ мегӯянду чӣ баҳо медиҳанд. Ба фикри ман, аз ҳама муҳим ин натиҷаи кор аст. Агар дастгирӣ бошад, дастгирии молӣ ва маънавӣ бошад, пас ин муҳим аст”.