Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ алайҳи Отамбоев ва 13 ҷонибдораш айб эълон кард


Алмосбек Отамбоев, собиқ президенти Қирғизистон.
Алмосбек Отамбоев, собиқ президенти Қирғизистон.

Додситони кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшитов айбдор будани гумонбарони парвандаи ҳаводиси деҳаи Кой-Тошро тасдиқ кард. Дар ин бора вакили дифоъ Бакитбек Автандил уулу иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи парвандаи мазкур 14 нафар - президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, вакилони пешини порлумон Равшан Ҷеенбеков ва Мээрбек Мискенбоев, вакилони порлумон Ирина Карамушкина ва Асел Кодуранова, раиси пешини дастгоҳи президент Фарид Ниёзов, ёвари пешини президент Кундуз Жолдубоева, афсари пешини амният Канат Сагимбоев ва ҷонибдорони Отамбоев - Фарҳод Баабиев, Канат Осмоналиев, Риспек Карипбек уулу, Марат Шаменов, Капарбек уулу Нооруз, Асангелдӣ Какебоев айбдор мешаванд.

Зидди панҷ нафари дигар парвандаи алоҳида тартиб дода шудааст, зеро онҳо бо муфаттишон ҳамкорӣ мекунанд.

Рӯзҳои 7-8 августи соли равон дар деҳаи Кой-Тош "амалиёти иҷборан эҳзор кардани президенти пешини Қирғизистон ба бозпурсӣ" баргузор шуда, дар натиҷаи задухӯрди нерӯҳои пулис бо ҷонибдорони Отамбоев даҳҳо кас осеб диданд. Аз ҷумла, як афсари Кумитаи амнияти ин кишвар ҷон бохт.

Алмосбек Отамбоев дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Қирғизистон қарор дошта, ба ӯ то 26 соли зиндон таҳдид мекунад. Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG