Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарони Қазоқистон парокандашавии ҳукуматро талаб доранд


Эътирозгарон дар Алмато. 25 феврал, 2020.
Эътирозгарон дар Алмато. 25 феврал, 2020.

Даҳҳо сокини Қазоқистон 25-уми феврал пас аз хабари ҳалокати фаъоли маданӣ Дулат Агадил дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба кӯчаҳо баромада, дар назди идораҳои пулиси шаҳрҳои Чимкент ва Алмато даст ба тазоҳурот заданд.

Тазоҳургарон гуфтанд, масъулияти ин ҳодиса бар зимаи мақомот, аз ҷумла раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президент Қосимҷомарт Тоқаев ва вазири умури дохилии он кишвар Ерлан Тургумбоев аст. Бархе аз онҳо барҳамдаҳии шӯрои ба раҳбарии Назарбоев, истеъфои духтари ӯ Дариға Назарбоева аз раҳбарии сенат ва парокандашавии ҳукуматро талаб карданд.

Ҷамъомадагон гуфтанд, ба фарзияи расмии марги фаъоли маданӣ, ки пулис гуфт, аз дарди қалб ҷон додааст, бовар надоранд. "Ҳоло пеш аз ҳама моро тақдири боздоштшудаҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳабсшудаҳои маъмурӣ нигарон кардааст. Амнияти онҳо таъмин нест. Мақомот худ моро тундрав месозанд. Агар рух додани ҳодисаи нохушеро дар кишвар намехоҳанд, Назарбоев ва ҳамаи ҳукумати Қазоқистон бояд истеъфо диҳанд. Зеро онҳо аз уҳдаи кор намебароянд",-изҳор дошт сокини Алмато Даная Калиева.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори боздошти Агадил нашр шуд, ки нишон медиҳад, афроде дар либоси мулкӣ ӯро боздошт карда, нисбаташ аз нерӯи ҷисмонӣ кор мегиранд. Сардори департаменти амнияти дохилии Вазорати умури дохилии Қазоқистон Арман Саданов гуфт, амали кормандони пулис санҷида хоҳад шуд.

Пулиси шаҳри Нурсултон 25-уми феврал хабар дод, ки Дулат Агадил дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз дарди қалб вафот кард. "Марги фаъоли ҷамъиятиро гуруҳи ёрии таъҷилӣ тасдиқ кард. Сабаби эҳтимолии марги вай "дарди шадиди қалб" унвон шуд. Дар ҷисми вай захм ва ё нишонаҳои захм мушоҳида нашуд. Тафтиш шуруъ шудааст", - хабар дод пулис.

XS
SM
MD
LG