Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NYT: Туҳфаи Мирзиёев ба Трамп 2950 доллар арзиш дорад


Президентҳои Узбекистон ва Амрико Шавкат Мирзиёев ва Доналд Трамп.
Президентҳои Узбекистон ва Амрико Шавкат Мирзиёев ва Доналд Трамп.

Мақомоти ИМА номгӯи туҳфаҳои тақдимшуда дар соли 2018 ба президенти Амрико Доналд Трамп ва ҳамсараш, инчунин котиби давлатӣ Майк Помпеоро нашр карданд. Ба иттилои нашрияи The New York Times, дар соли 2018 туҳфаҳои дарёфткардаи Трамп ва хонаводааш дар маҷмуъ 88 ҳазору 420 долларро ташкил медиҳад.

Миёни ин номгӯ туҳфаи тақдимкардаи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам зикр шудааст. Мирзиёев нусхаи нуқраии майдони "Регистон"-и Самарқандро, ки арзиши 2495 долларро дорад, ба Трамп ва рӯтахти хобро, ки арзиши 2400 долларро дорад, ба ҳамсари Трамп тақдим кардааст. Мирзиёев ба Майк Помпео мизи курсиҳои чӯбин тақдим кардааст, ки арзиши умумиашон 1580 доллар аст.

Туҳфаи Мирзиёев ба Трамп ду баробар гаронтар аз туҳфаи президенти Русия Владимир Путин аст. Дар соли 2018 Путин ба ҳамтои амрикоияш 12 тангаи нуқраи тақдим кард, ки дар маҷмуъ арзиши 1500 долларро доранд.

XS
SM
MD
LG