Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 узви як оила дар сӯхторе дар канори Хуҷанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асари сӯхтор дар хонаи як сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, канори шаҳри Хуҷанд, чаҳор узви оила, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохтаанд.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса субҳи барвақти 25-уми феврал рух додааст.

"Дар муддати кӯтоҳ сӯхторро хомӯш карданд, аммо натавонистанд ҷони чаҳор узви хонадонро аз марг наҷот диҳанд. Дуди ғализ ва забонаи оташ, ки ҳама роҳҳои хуруҷро баста буд, сабаби ҳалокати онҳо шуд", -- гуфтанд дар Кумита.

Падари хонадон Абдуалӣ Раҷабов 28 сол ва ҳамсараш Сайида Раҷабова 25 сол доштаанд. Кӯдакони фавтида – Сафияи чаҳорсола ва Кабирҷони сесола буданд.

Сабабҳои сӯхтор маълум нест. Мақомот мегӯянд, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Айни замон масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз мардум хостаанд, ки шабона чароғ ва дастгоҳҳои барқиро хомӯш кунанд, то сабаби сӯхтор нашавад.

Дар гузашта бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар манзили чанде аз соокинон сӯхтор сар зада, боис ба харобии хонаҳо ва марги аъзои оилаҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG