Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаъоли ҷамъиятӣ дар боздоштгоҳи Нурсултон вафот кард


Дулат Агадил, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қазоқистон.
Дулат Агадил, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қазоқистон.

Пулиси шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 25 феврал хабар дод, ки фаъоли ҷамъиятӣ Дулат Агадил дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз дарди қалб вафот кардааст.

"Марги фаъоли ҷамъиятиро гуруҳи ёрии таъҷилӣ тасдиқ кард. Сабаби эҳтимолии марги вай "дарди шадиди қалб" унвон шуд. Дар ҷисми вай захм ва ё нишонаҳои захм мушоҳида нашуд. Тафтиш шуруъ шудааст", - хабар дод пулис.

Шоми дирӯз фаъолони дигари Қазоқистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки мардони ношиносе Агадилро дар хонааш боздошт ва иҷборан ба самти номаълуме бурдаанд.

Аммо пулис мегӯяд, "24 феврал тақрибан соати 21:00 дақиқа Дулат Агадил дар манзилаш боздошт ва ба боздоштгоҳ оварда шуд".

Моҳи ноябри соли гузашта Дулат Агадили 43-сола аз боздоштгоҳи деҳаи Акмол фирор кард. Агадил дар боздоштгоҳи мазкур адои ҳукми маъмурӣ мекард. Он замон Агадил гуфта буд, ки ба далели ғайриқонунӣ будани парвандааш аз боздоштгоҳ фирор кардааст.

Дулат Агадил бо он маъруф аст, ки масоили иҷтимоиро ба баҳсу баррасӣ мегузорад ва риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандиву озодии баёнро талаб мекунад. Соли гузашта ӯро борҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карданд.

XS
SM
MD
LG