Дар бузургтарин бозорҳои яклухтфурӯшии шаҳри Тошканди Узбекистон нархҳо 5 дарсад боло рафтаанд. Соҳибкорон мегӯянд, нархҳо баъди он гарон шуданд, ки Қирғизистон роҳи тиҷорӣ бо Чинро баст ва интиқоли мол низ суст шуд.
Як соҳибкор дар "Маҷмааи савдои Урикзор"-и Тошканд гуфт, ба иллати номуайянии вазъ маҷбур шудааст, нархи молашро 5 дарсад боло барад. Ба гуфтаи ӯ, шумори муштариён ва фурӯши мол дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст.
"Дар бозор эҳсоси тарс аз коронавирус низ мушоҳида мешавад. Ҳар сол дар арафаи 8 март савдо хуб мешуд, вале ҳоло муштариён каманд. Бинобар ин, бозор болоравии навбати нархҳоро "намебардорад". Вале ҳама аз ин нигаронанд, ки дар сурати ба поён расидани захираҳо чӣ кор хоҳанд кард", - афзуд ӯ.
Нархи масолеҳи сохтмонӣ дар баъзе аз бозорҳои Тошканд то ба 25-30 дарсад боло рафтааст.
Қирғизистон 24 январ, пас аз ошкоршавии коронавирус дар Чин марзҳои худро бо ин кишвар баст. Дар натиҷа роҳи тиҷоратӣ аз Чин ба Узбекистон баста шуд.