Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон бар ивази беш аз $ 1 миллион аз Бритониё рег мехарад


Туркманистон, ки 80 дарсади қаламраваш аз биёбон иборат аст, омода шудааст, ки наздики 1 миллиону 300 ҳазор доллар маблағро ба ширкати бритониёии Andrew Bowen Ltd пардохт кунад. Ин пули 10 ҳазор тонна рег аст, ки барои сохтани як пойгаи асптозӣ истифода мешавад.

Саймон Боуэн аз ширкати Andrew Bowen Ltd. дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 20 феврал гуфт, ки бар асоси созиши ҳосилшуда бо Туркманистон, ин ширкат бояд то апрели соли ҷорӣ тамоми маводи зарурӣ барои сохтани пойгаи асптозӣ, аз ҷумла 10 ҳазор тонна регро ба Ишқобод интиқол диҳад. Рег аз минтақаи Ланкашири шимолу ғарби Инглистон бурда мешавад.

Боуэн гуфт, ки рег як ҷузъи муҳими сохтмони пойгаи асптозӣ аст ва дар баробари он, барои он инчунин маводи маснуӣ ва мум ҳам лозим мешавад. Боуэн аз ин қабл дар сӯҳбат бо BBC гуфт, ки реги Туркманистон “намуд ва сифати номуносиб дорад”, чун реги Ланкашир барои пойгаи асп бештар мувофиқ мебошад.

Хабарҳо дар бораи хариди ҳаҷми азими рег аз Бритониё дар шароите нашр мешаванд, ки Туркманистон ният дорад бо сабаби мушкилоти иқтисодии кишвар хароҷотро коҳиш диҳад.

XS
SM
MD
LG