Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 9 нафар дар ду ҳамла дар Олмон


Шаҳри Ҳанау, Олмон. Шаби 19 феврал, 2020.
Шаҳри Ҳанау, Олмон. Шаби 19 феврал, 2020.

Мақомоти интизомии Олмон мегӯянд, нӯҳ нафар дар ҷараёни ду тирандозӣ дар қалёнхонаҳое дар шаҳри Ҳанау дар ғарби ин кишвар кушта ва ҳадди ақал 5 тани дигар захмӣ шудаанд.

Хабаргузориҳои Олмон ба нақл аз пулиси он кишвар мегӯяд, ҳанӯз маълумот ва ҷузъиёти дақиқ ва сабабҳои тирандозиҳо дар даст нест. Шаҳри Ҳанау дар 25-километрии шаҳри Франкфурт ҷойгир аст.

Бинобар гузоришҳо, гумонбарон дар ҳамлаҳо ба ин ду қалёнхона аз маҳал гурехта ва нерӯҳои пулис ба ҷустуҷӯи онҳо рафтанд. Аммо хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" баъдан хабар дода, ки ҷасади яке аз ҳамлавар субҳи панҷшанбе дар манзилаш пайдо шуд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ ва пулис, ҳамлаи нахуст дар "Midnight бар" дар соати 10-и шаб рух дод. Касоне, ки дар атрофи маҳали ҳодиса буданд, садои тирпарониро шунидаанд.

Ҳамлавар ё ҳамлаварон сипас ба мошин савор шуда ва аз маҳал гурехтаанд. Ҳамлаи дувум дар наздикии "Arena Bar" рух додааст.

Бинобар гузоришҳо ,дар наздикии "Midnight bar" се нафар ва дар наздикии "Arena Bar" панҷ кас кушта шуданд.

Хабаргузории "Франс-пресс" ба нақл аз яке аз хабарнигорони худ дар маҳал мегӯяд, пас аз ҳодиса нерӯҳои пулис бо силоҳҳо дар шаҳр ҷобаҷо шудаанд.

Дар миёни қурбониёни "Arena Bar" як зан низ будааст,-хабар медиҳад пойгоҳи хабарии "Билд". "Қурбониён касоне буданд, ки аз солҳо ба ин тараф онҳоро мешинохтем",-гуфтааст писари мудири ин каҳвахона ба хабаргузории Олмон. "Ду коргари каҳвахона ҳам дар миёни қурбониён ҳастанд",- гуфт як мард, ки дар замони тирандозӣ дар маҳал ҳузур надошт.

Пулис гуфт, ки яке аз захмиёни ин ҳамла баъдан ҷон бохт. Қаблан гузориш шуда буд, ки панҷ тан ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Олмон тайи солҳои ахир саҳнаи бархе ҳамлаҳои хунин будааст. Аз ҷумла, дар ҷараёни ҳуҷуми як мошини борбар ба мардум дар як бозорчаи солинавӣ дар Берлин дар чаҳор соли пеш, 12 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Як паноҳандаи 23-солаи покистонӣ бар ин робита боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG