Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории Афзалшоҳ Шодиев аз раҳбарии Филармонияи давлатӣ


Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик.
Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик.

Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик аз мақоми роҳбари Филармонияи давлатӣ барканор шудааст. Ин овозхон мегӯяд, хурсанд аст, ки давоми панҷ сол дар ин мақом кор кард. Фармони барканории Афзалшоҳ Шодиев субҳи 20-уми феврал аз сӯи Зулфия Давлатзода, вазири нави фарҳанг содир шуд.

Шодиев давоми панҷ сол Филармонияи давлатии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Ба ҷойи ин овозхони шинохта, Кароматулло Раҳимзода роҳбари Филармонияи давлатӣ таъйин шудааст. Раҳимзода то ин вақт директори мактаби мусиқии Миратулло Атоев буд.

Як мақом дар Шуъбаи кадри Вазорати фарҳанг дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби барканории Афзалшоҳ Шодиев "ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда" мебошад.

Афзалшоҳ Шодиев рӯзи 20-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо сари баланд кор кардам, обод кардам, мардум аз ман розӣ, кормандон розӣ, роҳбарияти ҷумҳурӣ розӣ, фахр мекунам, ки панҷ сол инҷоро обод кардам".

Афзалшоҳ Шодиев моҳи августи соли 2014 раиси Филармонияи давлатӣ эълон шуд. Саидбухорӣ Маҷидов, раҳбари пешини ин идора баъд аз эълони барканорияш бар асари сактаи қалбӣ даргузашт.

Барканории Афзалшоҳ Шодиев дар ҳолест, ки соли 2018 Ҳукумати Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз Вазорати фарҳанг хоста буд, дар Филармонияи давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварда, нафари огоҳ аз сиёсатро ба роҳбарии он таъйин кунад.

Аммо ҳоло масъулини Вазорати фарҳанг мегӯянд, барканории Афзалшоҳ Шодиев ба ин нома дахл надорад ва танҳо "ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда мебошад".

Филармонияи давлатии Тоҷикистон яке аз маконҳои аслии баргузории консертҳо дар шаҳри Душанбе аст.

XS
SM
MD
LG