Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Қазоқистон дар робита ба ҳаводиси Кордай 3 бародарро боздошт кард


Пулиси ноҳияи Кордай. Акс аз бойгонӣ. 8-уми феврал, 2020.
Пулиси ноҳияи Кордай. Акс аз бойгонӣ. 8-уми феврал, 2020.

Пулиси вилояти Ҷамбули Қазоқистон се бародар аз як хонаводаи дунганро барои ҷанҷол бо нозирони роҳ боздошт кард, ки сабаби асосии сар задани низои қавмӣ дар ноҳияи Кордайи ин кишвар гуфта мешавад. Додситонии кулли Қазоқистон 18-уми феврал гуфт, се бародар аз хонаводаи Воингуй дар ҳамла ба кормандони пулис айбдор мешаванд. Парвандаи бародарон ба додгоҳ ирсол шудааст.

Ба огаҳии додситонӣ, нозирони роҳ 7-уми феврал мошини яке аз бародаронро боз дошта, ба далели он, ки шаҳодатномаи ронандагӣ пешниҳод накардааст, хостанд, вайро ба шуъбаи пулис баранд. Вале ронанда рад карда, ба манзили зисте равона шудааст, ки дар он ду бародараш ҳузур доштанд. Дар натиҷа бародарон аз хона берун шуда, ба кормандони пулис ҳамла кардаанд.

Мақомоти Қазоқистон пештар аз ин хабар дода буданд, ки дар робита ба ҳаводиси рӯзҳои 7-8 феврал дар ноҳияи Кордай 25 парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҳаводиси 7 феврали деҳаҳои ноҳияи Кордай мақомоти ин кишварро водор ба эъломи ҳолати фавқулода дар ин ноҳия кард.

Мақомот мегӯянд, ҳаводисе, ки ба эҳтимоли зиёд дар пайи "низои маишӣ" сар зад, рӯзи ҷумъаи 7 феврал шуруъ шуд ва дар деҳаҳои ноҳияи Кордай паҳн гардид. Бино бар нақли сокинон, он шаб садҳо марди ғайри маҳаллӣ ба деҳоте, ки аксари сокинонаш дунгантаборон ҳастанд, омада, ба латту кӯби бошандагон ва оташ додани хонаҳову мағозаҳо ва мошинҳо шуруъ карданд.

Дар натиҷаи ин занозанӣ 11 кас кушта ва садҳо нафар бо шумули 17 корманди пулис захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG