Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон аз Русия чаҳор чархболи низомӣ дарёфт кард


Чархболҳои русӣ. Акс аз бойгонӣ.
Чархболҳои русӣ. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати мудофиаи Узбекистон аз Русия чаҳор чархболи низомии навъи Ми-35М дарёфт кард. Дар ин бора расонаҳои Узбекистон иттилоъ медиҳанд. Чархболҳои дарёфтӣ айни ҳол дар фурудгоҳи байналхалқии шаҳри Тошканд қарор доранд.

Расонаҳои Русия пештар навишта буданд, ки чаҳор чархболи Ми-35М охири соли 2019 ва 8 чархболи дигар дар соли 2020 ба Узбекистон ирсол мешавад.

Чархболи борбари низомии Ми-35М барои маҳвсозии техникаи зиреҳпӯш ва кӯмак ба артиши хушкигард пешбинӣ шудааст. Чархбол бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз буда, қодир аст, дар ноустувортарин шароити обу ҳаво шабонарӯз парвоз кунад.

XS
SM
MD
LG