Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амалиёти махсус". Аз таъиноти ахири кадрӣ дар Тоҷикистон чӣ паём метавон гирифт?


Тағйироти кадрӣ дар баъзе ниҳодҳои давлатӣ. 27-уми январи соли 2020
Тағйироти кадрӣ дар баъзе ниҳодҳои давлатӣ. 27-уми январи соли 2020

Раҷаби Мирзо, журналист ва таҳлилгар

Бознашр аз блоги "Рӯзи нав"

Тағйироти кадрӣ, ки президент Раҳмон анҷом медиҳад, ҳарчанд дар ҷомеа ва доираҳои таҳлилӣ аслан ҷиддӣ гирифта намешаванд, дар худ паёмҳои аҷиб ва баъзан ҷиддӣ ҳам доранд. Бахусус барои онҳое, ки одат кардаанд ҳамеша як курсии мансабро ба дигараш иваз намоянд. Албатта, ҷойивазнамоии мақомҳо – ротатсия, услуби нави кории Эмомалӣ Раҳмон вақти таъин намудан ба мансабҳо нест. Он одамони мухталиф ва давраҳои гуногунро дар худ фаро мегирад.

Раҷаби Мирзо, журналист ва таҳлилгари тоҷик
Раҷаби Мирзо, журналист ва таҳлилгари тоҷик

Се василаи интихоби кадрҳо

Дар ибтидои ба қудрат расидани худ, Эмомалӣ Раҳмон командаи устувори ҳамроҳ надошт. Бо ду сабаб. Аввалан, соли 1992 ӯро дар доираҳои сиёсӣ тақрибан намешинохтанд ва дуюм, вазъияти сиёсӣ – низомии мамлакат ин имконро фароҳам намеовард. Мансабдорони фаъол ба тӯлонӣ будани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бовар надоштанд ва мегуфтанд, “раҳбарест барои се моҳ”. Манзурашон, то эълон шудани интихоботи президентӣ буд, ки талаботи конститутсионӣ пас аз рафтани шахси аввали мамлакат аст.

Вале Эмомалӣ Раҳмон на танҳо се моҳ, балки тақрибан 30 сол аст зимоми қудратро дар даст дорад ва дар ин давра боре хабаре ҳам паҳн нашуд, ки ҳатто барои 45-50 рӯз ба рухсатӣ рафта бошад. Ҳол он ки аз қудрат...

Аз командаи кӯҳна, ки ҳамроҳ бо ҷаноби Раҳмон омада буданд, тақрибан касе ҳамроҳаш дар умури давлатӣ намондааст. Як қисмашон ба нафақа фиристода шуданд. Барои қаноати бархе, фарзандонашонро ба ин ё он мансаби давлатӣ таъин намуд, хоса дар сафорати Тоҷикистон дар ин ё он кишвар.

Дар ҳамин ҳол, аз мансабдорону чеҳраҳои таъсиргузори вақт чанд нафар бо айбмониҳое чун “кӯшиши табаддулоти давлатӣ” ва “хиёнат ба Ватан” шахсан ё дар ғоиб муҷозот шуданд.

Мешавад хулоса кард, ки таъиноти мансаб дар Тоҷикистон аз рӯи се меъёр:

  • Қаноати маҳалҳои ҷудогона (услуби монда аз замони Шӯравӣ)
  • Норозӣ накардани бархе афроди то ҷое таъсиргузори як замон ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон
  • Дар замони иҷрои талаботи Созишномаи сулҳ ба хотири ором намудани гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ-низомии вақт сурат гирифту мегирад.

Аз ин хотир, ҳоло вақте як мансабдорро ба масъулияти дигари боло ё поин интиқол медиҳанд, онҳо одатан намепурсанд, ки чаро чунин иттифоқе пеш омад. Ё, агар мепурсанд, танҳо дар гӯшакиҳояшон. Ҷавоби қотеона дигар аст: дар “боло” беҳуда чунин тасмим намегиранд!

Инро ҳам хуб медонанд, ки “боло” ҳамеша меъёр ва ҳисобҳои худро дошту дорад. Биноан, ҳангоми тасдиқи аъзои ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҷумла вазиру раисони кумитаҳои давлатӣ ба он дохил мешаванд, дар Маҷлиси намояндагон ихтилофи назаре пеш намеояд. Вакилони порлумон ҳама номзадҳои пешбарикардаи президенти Тоҷикистонро якдилона тасдиқ менамоянд.

Роҳи эҳтимолии ҳифзи қудрат: “Дувум” ҳам бояд “худӣ” бошад

Зимнан, ба тағйироти кадрие, ки вақтҳои ахир Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳад, агар ҷиддӣ назар карда шавад, онҳо дар худ як паёми номаълум ё роздореро ифода мекунанд. Ин паём бештар ба он равона шудааст, ки команда акнун бояд “нав” шавад. “Нав” шудан эҳтимол ба интихоботи президентие равона шудааст, ки моҳи ноябри ҳамин сол бояд сурат гирад. Ҳоло маълум нест, дар интихоботи пешорӯи президентӣ худи Эмомалӣ Раҳмон номзад хоҳад шуд, ё нафаре аз пайвандони ӯ. Мушаххасан аз духтараш Озода Раҳмон – роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва писараш Рустами Эмомалӣ – шаҳрдори феълии Душанбе ба сифати ворисони ояндаи падар ном бурда мешавад, ки метавонанд аз ҷониби ҳизби ҳоким барои президентӣ номзад бошанд. Ин андеша ҳам ҳаст, ки дар интихоботи президентии соли 2020 худи Эмомалӣ Раҳмон номзад бошад ва бо гузашти 2 сол ё каму зиёд интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ анҷом диҳад.

Ин сенария дар кишварҳои пасошӯравие, ки интиқоли қудратро аз тариқи таъин намудани ворис анҷоим медиҳанд, нав нест. Соли 2003 Ҳайдар Алиев, ки 4 дафъа ба курсии президентӣ дар Озарбойҷон нишаста буд, писари он вақт 42-солаи худро сарвазир таъин кард ва пас аз чанд моҳ “бо сабаби беморӣ” интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ эълон намуд. Аллакай моҳи октябр Алиеви хурдӣ мансаби олии раҳбарӣ - президентии Озарбойҷонро ба ӯҳда гирифт.

Бояд ба назар гирифт, ки ӯ аз соли 1995 то 2003 – замони сарвазир таъин шуданаш, вакили порлумон ва ҳамзамон аз соли 1999 яке аз 5 муовини раиси ҳизби ҳокими падараш буду соли 2001 муовинии аввали ин ҳизбро ба зимма дошт.

Владимир Путин ва Дмитрий Медведев
Владимир Путин ва Дмитрий Медведев

Соли 2008 Путин ҳам эълон намуд, ки Қонуни асосии Русияро вайрон намекунаду дафъаи сеюм муддаӣ ба курсии президентӣ намешавад. 4 соли баъдӣ Дмитрий Медведев расман президенти Русия эълон гашт, аммо гуфта мешуд амалан қудрат дар дасти сарвазир Путин аст, ки ба ин мақом салоҳиятҳои ҳатто бештар аз президентӣ дода буданд. Воқеан, пас аз паёми ахири худ дар соли нав Путин боз ҳам дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ гап кушоду худи ҳамон рӯз сарвазир Медведев кабинаи худро ба истеъфо фиристод. Ҳадс зада мешавад, ки ин дафъа салоҳияти бештар ба Шӯрои давлатӣ, ки феълан як ниҳоди конститутсионӣ нест, ё Думаи давлатӣ – қабати поёни порлумони Русия дода мешаваду Путин баъди интихоботи президентии соли 2024 ба яке аз онҳо такя хоҳад зад. Ба таври дигар, қудрати сиёсӣ амалан боз ҳам дар ихтиёри ӯ мемонад.

Дар Қазоқистон, ки монандиҳое ба ҳаёти сиёсии Тоҷикистон дорад, моҳи марти соли гузашта Нурсултон Назарбоев баъди 5 бори президентӣ ва 30 соли дар сари қудрат будан, ба истеъфо рафт. Ҳарчанд, ӯ аз соли 2010 унвони “Пешвои миллат”-ро дошт, ки барояш ваколатҳои ҳамешагии роҳбарии давлатро таъмин мекард, дар баробари ин, раисии доимии (то зинда буданаш) Шӯрои амнияти кишвари худро соҳиб шуд. Ин ниҳод дар Қазоқистон соли 1991 таъсис ёфта бошад ҳам, дар ибтидо як сохтори машваратӣ буд.

Аз соли 2018 ба он мақоми конститутсионӣ доданд ва дар ихтиёраш ваколатҳои зиёдеро гузоштанд: муайян намудан ва таъмини самтҳои асосии ҳимояи манфиатҳои миллӣ, пешниҳод намудани масъалаҳо ба президенти Қазоқистон вобаста ба ҳалли масоили марбут ба сиёсати дохиливу хориҷӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат, таҳия намудани тавсияҳо дар бораи имзо ва иҷро намудани шартномаҳои байналхалқӣ, ки ба манфиатҳои миллии Қазоқистон иртибот доранд.

Нурсултон Назарбоев бо духтараш Дариға Назарбоева
Нурсултон Назарбоев бо духтараш Дариға Назарбоева

Пас аз истеъфои Назарбоев, ки ваколатҳои аз президент бештарро дорад, раиси палатаи болоии порлумон Қосимҷомарт Тоқаев аввал иҷрокунандаи вазифаи президент ва дертар дар интихоботи пеш аз мӯҳлат президенти Қазоқистон эълон шуд. Бо ин вуҷуд, дар бисёрии сафарҳои расмии муҳими давлатӣ ба кишварҳои дигар, ҷониби Қазоқистонро шахсан Назарбоев намояндагӣ мекунад. Ба курсии сенат, ки расман нафари сеюми кишвар аст, акнун духтари Назарбоев – Дариға омадааст ва ҳоло дар маҳфилҳо ин баҳс ҷиддӣ гирифта мешавад, ки ба наздикӣ Қазоқистонро боз як интихоботи президентии дигар “таҳдид” мекунад ва дар натиҷаи он духтари президент ҷойгузини падар хоҳад шуд.

Дарвоқеъ, духтари 57-солаи Назарбоев, ки то соли 2004 бештар ба корҳои хайриявиву ҷамъиятӣ машғул буд, аз ҳамон вақт вакили порлумон, муовини сарвазир ва аъзои сенат ё палатаи болоии порлумон буду ҳоло раиси он аст. Мақоме, ки то истеъфои Назарбоев дар Қазоқистон, нафари дувуми мамлакат ҳисоб мешуд. Дар сурати ба роҳбарии давлат пешниҳод шудани Дариға Назарбоева ӯ дувумин бонуе хоҳад буд, ки дар Осиёи Миёна ба мансаби баландтарини давлатӣ мерасад. Дар ин миён, танҳо Роза Отумбаева буд, ки пас аз инқилоби дувуми Қирғизистон дар соли 2010 як солу чанд моҳи замони интиқолӣ муваққатан қудрати сиёсиро дар даст дошт ва интиқоли мусолиҳатомези қудратро таъмин намуд.

Вақте Худованд ба онҳо духтари калон дод, на писар...

Воқеан, интиқоли қудрати сиёсӣ ба бонувон дар Осиёи Миёна сабабҳои ба худ хос дорад ва то ҷое мешавад гуфт, ки барои элитаи ҳукмрон аз ночорист. Гап сари ин аст, ки нафаре аз раҳбарони давлати дирӯзу имрӯзи ин минтақа, ки на кам аз 25 сол ҳукуматро дар панҷаи худ маҳкам нигаҳ медоранд, писари калон надоштанд. Фарзандони бузурги Назарбоев, Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон бо хости Худо духтар будааст. "Пешвои миллат"-и қазоқ, ба гумони ғолиб ҳоло роҳҳои имконпазири ба қудрати аслӣ баргардонидани духтари худро ҷӯёст.

Ислом Каримов ҳам шояд дар сар ин андешаро дошт, аммо духтари калониаш Гулнора, ки аз мақом ба мақоми дигар “парвоз” мекард, якбора боиси шармандагиву фасодкориҳо гашт. Марги якбораи Каримов дар соли 2016 раҳбарони минтақаро як қадар шитобзада кард. Аз ин хотир, часпу талоши бештар барои ҳамвор намудани интиқоли қудрат намуданд ва дар ин миён аз баҳри баъзе ҳамсафони худ ҳам гузаштанд. Сенария ва стратегияву тактикаҳо акнун дигаргун гаштанд. ​

Тоҷикистон ҳоло дар интихоби кадом роҳ аст?

Маҳмадсаид Убайдуллоев
Маҳмадсаид Убайдуллоев

Ба курсии раиси Маҷлиси Миллӣ (шахси дуюми расмӣ дар Тоҷикистон), ки то моҳи март дар он Маҳмадсаид Убайдуллоев нишастааст, пас аз рафтани ӯ кӣ хоҳад нишаст, як суоли ҳанӯз ҷавобнаёфта, аммо ба назар калидӣ дар сиёсатҳои мамлакат хоҳад буд. Фарзияе вуҷуд дорад, ки барои Убайдуллоев пас аз интихоботи порлумонӣ курсии ҳоло холишудаи Қодири Қосим – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро холӣ кардаанд. Ин ниҳод, ҳарчанд дар замони Шӯравӣ хеле муҳим арзёбӣ мешуд, ҳоло тахминан таъсире дар фазои сиёсӣ – иҷтимоӣ надорад. Ҳарчанд дар баробари Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дуюмин ниҳоди ба истиллоҳ ҷамъиятист, ки ҳаққи пешбарии номзад ба президентиро дорад...

Як фарзияи заиф вуҷуд дорад, ки пас аз интихобот схемаи фаъоли ҷобаҷогузории кадрҳо тағйир меёбад. Масалан мақоми сарвазирӣ, ки дар 29 соли ахир мансуб ба намояндаҳои шимоли мамлакат аст, аз онҳо гирифта мешавад. Барои чунин фарзия мешавад ин асосҳоро ҳам овард, ки ҳоло намояндаҳои вилояти Суғд дар ду вилояти калони Тоҷикистон – Хатлону Суғд роҳбарӣ мекунанд. Аз рӯи ин сенария сарвазир баъдан ба намояндаи мардуми ҷануби кишвар дода мешавад.

Давлаталӣ Саид, ки ҳоло муовини аввали сарвазир асту ваколатҳои зиёде дорад, имкон аст дар мақоми роҳбари пешинаш ҷо гирад. Маҷлиси Миллиро дар ин ҳолат метавонад як мансабдори бе амбитсияи зодаи шимол раисӣ намояд. Онро ҳам барои ду сол. Зеро, эҳтимоли як интихоботи президентии пеш аз мӯҳлат, аз рӯи ин сенария дар соли 2022 имконпазир аст. Сабабҳои ин фарзияро поинтар хоҳем гуфт. Ҳоло номзадии Қоҳир Расулзода дар ин мақом мавриди баҳсҳост, ҳарчанд аз рӯи баъзе маълумот ӯ бемор аст ва чандон майли ин интихобро надорад. Аммо, агар гап дар бораи ду сол бошад, пас, эҳтимол роҳе ҷуз пазируфтан надорад.

Бар асоси тахминҳои дигар раиси Маҷлиси намояндагон, ки аз замони ташкилёбиаш хос ба намояндагони Рашт аст, ин дафъа ба мансабдорони ВМКБ, мушаххасан Қодири Қосим насиб хоҳад кард. Дар анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ ва суханронии Қодири Қосим, президент ишора кардааст, ки "суханронии Шумо назари маро дигар кард". Ин як паёми хеле ҷиддӣ дар фазои сиёсии кишварҳоест, ки интихобу ҷобаҷогузории мансабдорон аз як нафар сахт вобаста аст.

Вале саволи асосӣ дар сиёсатҳои Тоҷикистон ҳамоно посухи қотеонаи худро надорад. Яъне ба раҳбарии Маҷлиси Миллӣ кӣ меояд? Ҳарчанд номзадии Қоҳир Расулзодаро ишора кардем, вале он чандон қавӣ буда наметавонад. Ба ҳар сурат, сухан аз мансаби дуюми расмӣ дар Тоҷикистон меравад.

Дар акс: (аз тарафи чап) Рустами Эмомалӣ, Қоҳир Расулзода, Озода Раҳмон ва Давлаталӣ Саид
Дар акс: (аз тарафи чап) Рустами Эмомалӣ, Қоҳир Расулзода, Озода Раҳмон ва Давлаталӣ Саид

Иддае ба ин сатҳ расидани Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро тахмин мезананд. Ӯ дар 3 соли ахир шаҳрдори Душанбе аст ва тамоми расонаҳои хабарии расмӣ ба имиҷсозии ӯ машғуланд. Рустами Эмомалӣ 33 сол дорад.

Варианти дигаре ҳам ҷо дорад, ки дар интихоботи навбатӣ раисии Маҷлиси Миллӣ ба ӯҳдаи Озода Раҳмон гузошта хоҳад шуд. Ӯ ҳоло ҳам аъзои маҷлис ва раиси яке аз кумитаҳост. Гуфта мешавад, ки таваҷҷӯҳи бештари ҳизби ҳоким ба бонувон, ҳамон тавре раисаш гуфт 40% номзадҳои вакилии порлумон ба бонувон дода мешавад, чанд нафар зиёдтар кардани занҳо дар ҳукумат ва мансабдорони сатҳи кумитаҳо баромада маҳз аз ҳамин сенарияанд. Аммо, тахмин зада мешавад, ки “занона” кардани сиёсат дар Тоҷикистон танҳо омили дуркунанда аз мавзӯи аслист. Яъне, баҳсҳоеро дар маҳфилҳо гарм карданианд, ки Раҳмон қудратро ба духтараш доданист, на писари худ.

"Отвлекающий маневр" дар чунин бозиҳои сиёсӣ усули нав нест. Назарбоев ҳам дар тахтаи шоҳмоти сиёсатбозиҳои кишвари худ, чандин бор ҷои “пиёда”-ву “асп”-ҳоро иваз намуду боз карданист. Тавре мегӯянд, ӯ барои ин сенария ҳадди ақал 10 соли ахир нақша мекашад.

Аз ин дидгоҳ, ротатсия ё ҷойивазнамоии мансабдорон дар Тоҷикистонро мешавад дар як паёми аслӣ ҷо дод: ҳоло барои кӣ команда ҷамъ мекунанд? Барои Озода Раҳмон, ё Рустами Эмомалӣ?

Ин дар назари аввал чунин менамояд, ки ҳарду командаи ягонаанд. Бовар кунед, меъёрҳо аз ҳам фарқи зиёд доранд...

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG