Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши мардум ба тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон чист? "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО


Вокунишҳои мардум ба чанд тағйироти кадрӣ дар вазорату ҳукуматҳои маҳаллӣ ва идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон мавзӯи асосии "Озодӣ Онлайн"-и имрӯз аст. Дар барнома чанд видеои фиристодаи муҳоҷиронро низ мебинед.

Тағйирот ё ба истилоҳи коршиносон, "ҷойивазкунии кадрҳо" ҳафтаи гузашта дар пайи маҷлиси солонаи ҳукумат сурат гирифт. Чанде аз вазирон, аз ҷумла вазирони маориф, фарҳангу меҳнат ва раисони Кумитаи телевизиону забон, ҷавонон ва сайёҳӣ иваз шуданд.

Корбаре бо номи “Ҳайрон” дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, “аҷиб. Дар кори онҳо “баъзе камбуд дида шудааст” ва барои ҳамин барканор карда, ба мансаби баландтар гузоштаанд?”

Алихон дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар “Инстаграм” пурсидааст, ки “ин тоқчапарак кай тамом мешавад?”

Хонандае бо номи “Кӯҳистонӣ” мегӯяд, “мӯйи сарам сафед шуд ва акнун фаҳмидам, ки формулаи “аз дигар кардани ҷойи ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад”, барои Тоҷикистон гуфта шудааст.

Дар ҳоле ки бархе аз корбарон аз мансбадорони тоҷик ва кори онҳо пуштибонӣ кардаанд, “Беном” маслиҳат додааст: “Агар мехоҳед, давлат пеш равад, ба китоб такя кунед ва давлатро дар ихтиёри кадрҳои ҷавон гузоред.”

"Аз инҷо ба онҷо рафтани вазирон ҳеч чизро иваз намекунад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

“Ҳақиқат” ҳам гуфтааст, “аз инҷо ба онҷо рафтани вазирон ҳеч чизро иваз намекунад. Агар илоҷаш бошад, кадрҳои ҷавону соҳибфикр ва соҳибиродаро дар курсии вазирӣ бимонед"

“Довар” мегӯяд, “беҳтарин баҳоро ба кори мансабдорон мардум медиҳад. Як дафъа фикри мардумро хонед ва ба худ баҳо диҳед. Чаро масъулиятеро, ки аз уҳдааш намебароед, мепазиред?”

Тағйироти кадрӣ ва кори мансабдорони тоҷик ҳамеша аз мавзуъҳои пурбаҳс дар Тоҷикистон аст. Агар то ҳоло дар ин бора изҳори назар накардаед, пас, ба торнамои Радио Озодӣ ворид шавед.

Дар барнома чанд наворро низ мебинем, ки муҳоҷирони тоҷик фиристодаанд. Яке аз видеоҳо аз Маскав аст ва муҳоҷирон дар ҳоли тоза кардани боми бинои баландошёна аз барф тасвир ёфтаанд.

Муаллифи видео ба Радиои Озодӣ гуфт, наворро 28-уми январ сабт кард ва нигарониаш аз он аст, ки муҳоҷирон бе риояи қоидаҳои бехатарӣ кор мекунанд, ки баъзан бо марг ва ё маҷруҳ шудани онҳо анҷом мешавад.

Навори дигар аз навбати тӯлонии муҳоҷирони тоҷик барои дарёфти патент ё иҷозаи кор дар шаҳри Уфаи Русия аст. Дар шаҳри Самара низ айни чунин навбатпойиро ба навор гирифтаанд. Навбат барои гирифтани квота барои иқомати доимӣ дар Русия.

Ин ҳафта як навор аз Душанбе ҳам дастрас шуд, ки дохили яке аз мусофирбарони хурдро намоиш медиҳад. Муаллифи видео мегӯяд, бо вуҷуди баъзе талошҳо барои ҳалли мушкили нақлиёти ҷамъиятӣ ҳанӯз ин масъала боқист ва ронандаҳо мардуми зиёдеро болои ҳам бор мекунанд ва аз инҷо ба онҷо мебаранд.

Наворҳои боқимондаро дар барномаи дигар мебинем. Агар гуфтание доред ва ё аксу видеои ҷолиб, ба ин рақам фиристед. Вотсапу Вайбер ва Телеграму Имо дорем.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG