Пулиси шаҳри Бокуи Озарбойҷон рӯзи 11-уми феврал эътирозгаронеро боздошт кард, ки назди Комисияи марказии интихоботии Боку даст ба иқдоми эътирозӣ зада буданд. Эҳсон Зоҳидов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Озарбойҷон хабар дод, иқдоми эътирозӣ ғайриқонунӣ буд ва ширкатдорони он талаботи қонунро иҷро накарданд.
Ба иттилои Комисияи марказии интихоботии Озарбойҷон, ҳизби ҳокими "Озарбойҷони Нав" 70 курсӣ аз 125 курсии порлумонро дар интихоботи рӯзи якшанбе соҳиб шудааст. Гуфта мешавад, курсиҳои дигарро низ ҳизбҳои камаҳамият ва номзадҳои вафодор ба президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев соҳиб шудаанд.
Нозирони байналхалқӣ гуфтанд, қонуншиканиҳои зиёдеро дар рафти шумориши баргаҳои раъдиҳӣ ба қайд гирифтаанд, ки шаффофияти интихоботро зери суол мегузоранд. Ин бор интихоботи порлумонии Озарбойҷон қабл аз муҳлат баргузор шуд.
Мухолифон ҳам изҳор доштанд, раъйдиҳӣ бо қонуншиканиҳои зиёд, аз ҷумла партофтани бастаи баргаҳои раъйдиҳӣ дар сандуқҳо баргузор шуд.