Дар Темиртауи Қазоқистон шаби 11-уми феврал ҳолати рахна кардани партови неругоҳи барқӣ ба дарё сабт шудааст. Шоҳидон ин ҳолатро ба навор гирифтанд. Навори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад.
Мақомот хабар доданд, ки намояндагони вилояти Қарағанда ба ҷои ҳодиса рафта, ин ҳолатро месанҷанд.
Ширкати Bassel Group, ки неругоҳи барқӣ ба он мутааллиқ аст, рахна кардани партовро ба дарё тасдиқ кард. Ба иттилои ширкат, мутахассисон барои пешгирӣ аз рахнаҳои минбаъда чораҷӯӣ мекунанд.