Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане дар Узбекистон барои маош корфарморо корд зад


Як корхонаи истеҳсоли семент дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Як корхонаи истеҳсоли семент дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи 10-уми феврал яке аз коргарони корхонаи "Қизилқумсемент" дар шаҳри Навоии Узбекистон ба муҳосиб ва мудири корхона бо корд ҳамла кард. Коргар мегӯяд, маоши моҳи январро 2,5 баробар кам аз ҳаҷми муайяншуда пардохт кардаанд.

Маоши ин зан 3 миллион сӯм (ҳудуди 300 доллар) муайян шуда, аммо ба вай барои моҳи январ ҳамагӣ 800 ҳазор сӯм (ҳудуди 85 доллар) пардохтаанд. Зан баъди ин дар ҳолати хашм бо корд ба муҳосиб ва мудир ҳамла кардааст.

Мудири корхона дастур додааст, ки занро дар бемористони равонӣ бистарӣ кунанд. Ин дар ҳолест, ки коргарони дигар низ аз кам дарёфт кардани маоши моҳи январ шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG