Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон соҳиби таҷҳизоти зиддиҳавоӣ мешавад


Ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар пойгоҳи "Кант" дар Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар пойгоҳи "Кант" дар Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Николай Панков, як масъули Вазорати дифои Русия гуфт, тасмим доранд, дар пойгоҳи низомии ин кишвар дар Қирғизистон таҷҳизоти дифои зиддиҳавоӣ насб кунанд.

"Дар ояндаи наздик қарор аст, дар ҳайати пойгоҳи низомии муттаҳидаи Русия воҳиди истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин низ ташкил карда шавад",-изҳор дошт Панков ҳангоми муаррифии созишномаи миёни Бишкеку Москва дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи низомии муттаҳидаи Русия дар Қирғизистон.

"Дар марҳалаи баъдӣ дар пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон таҷҳизоти дифои зиддиҳавоӣ насб карда мешавад. Ҳамчунин иншооти зербиноии фурудгоҳи "Кант" бозсозӣ хоҳад шуд",-навиштааст РИА Новости бо истинод аз суханҳои Панков.

Президент Владимир Путин моҳи декабри соли 2019 санадеро ба баррасии Думаи давлатӣ фиристод, ки иҷоза медиҳад, дар пойгоҳи низомии Русия дар ҳудуди Қирғизистон зерсохтори дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин таъсис дода шавад.

Русия дар ҳудуди Қирғизистон чаҳор иншооти низомӣ: пойгоҳи ҳавоии "Кант"; пойгоҳи озмоишӣ дар шаҳри Қаракӯл; пойгоҳи иртиботӣ дар шаҳраки Чалдовар; нуқтаи худкори зилзилашиносӣ дар шаҳри Майлуу-Суу дорад. Пештар ҳар кадом аз ин иншоот дар алоҳидагӣ баррасӣ мешуд, аммо соли 2012 Қирғизистон ва Русия тасмим гирифтанд, ки ҳамаи онҳоро ба пойгоҳи муттаҳидаи Русия табдил диҳанд.

Пойгоҳи Русия дар Қирғизистон ягона иншооти низомии хориҷӣ ба ҳисоб меравад. То соли 2014 дар ин кишвар пойгоҳи ҳавоии амрикоии "Манас" амал мекард.

XS
SM
MD
LG