Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз театри "Илҳом" хостанд, биноро холӣ кунад


Театри "Илҳом" дар Тошканд.
Театри "Илҳом" дар Тошканд.

Дар Узбекистон ширкати Ofelos Plaza, ки молики меҳмонхонаи Shodlik Palace аст, аз театри "Илҳом" хост, то моҳи апрел бинои меҳмонхонаро тарк кунад.

Аз даст додани биноро, ки ҳанӯз дар соли 1976 ба асосгузори ин театр Марк Вайл дода шуда буд, ҳайати кунунӣ ба ҳукми марги театр баробар медонанд.

Ширкати Ofelos Plaza мегӯяд, соли ҷорӣ дар бино таъмир сурат мегирад ва ба ин далел театр бояд онро холӣ кунад.

Ҳайати театри "Илҳом" аз мақомоти Узбекистон, бинандагон, рӯзноманигорон, дипломатҳо ва ҷомеаи байналхалқӣ хостанд, ки дар ҳифзи театр кумак расонанд.

Интизор меравад, ҳайти театр имрӯз, 12-уми феврал бо баргузории нишасти хабарие дар шаҳри Тошканд моҷарои рондани театрро шарҳ диҳад.

Театри "Илҳом" аз сӯи бозигар ва коргардони маъруф Марк Вайл таъсис шудааст. Марк Вайл дар соли 2007 дар даҳлези хонааш дар шаҳри Тошканд кушта шуд.

XS
SM
MD
LG