Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 нафар дар ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул


Наздикиҳои Донишкадаи низомии Маршал Фаҳим дар Кобул.

Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, бар асари ҳамлаи интиҳории рӯзи 11-уми феврал дар наздикии Донишгоҳи низомии Маршал Фаҳим дар Кобул, ду ғайринизомӣ ва чаҳор сарбоз ҷон бохта, 12 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин ҳамла соатҳои тақрибан 7-и субҳи сешанбе рух додааст.

Вазорати дифои Афғонистон низ бо нашри як эъломия гуфтааст, ки ин ҳамлаи интиҳорӣ дар миёни мардум сурат гирифтааст. Вазорати дифои Афғонистон дар бораи маҳали дақиқи ҳодиса чизе нагуфтааст, аммо як манбаъи амниятӣ, ки нахост номаш гирифта шавад, дар сӯҳбат бо бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин ҳамла дар дарвозаи аввали Донишгоҳи низомии Маршал Фаҳим иттифоқ афтодааст.

Дар эъломияи вазорати дифои Афғонистон омадааст, ки "анҷоми ҳамлаҳои интиҳорӣ дар дохили шаҳрҳо ва дар миёни мардум нишон медиҳад, ки террористон ҷуз куштори мардум дигар ҳадафе надоранд ва нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон ин гуна ҳамлаҳои буздилонаи террористиро бепосух нахоҳанд гузошт".

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон низ бо нашр як изҳорот ин ҳамларо маҳкум намуда, онро "ҷинояти зидди башарӣ ва нақзи комили арзишҳои инсонӣ, исломӣ ва ахлоқӣ" хондааст. Оқои Абдуллоҳ гуфтааст, "ин ҳамлаҳо азми мардуми Афғонистонро барои шикасти терроризм ҷиддитар месозад".

Масъулияти ин ҳамларо то ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе ба дӯш нагирифтааст. Дар гузашта гурӯҳи Толибон ва "Давлати исломӣ" чунин ҳамлаҳои хунинро анҷом дода буданд.

XS
SM
MD
LG