Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қазоқистон баъди ҳодисаи Кордай 25 парванда боз карданд


Ноҳияи Кордай дар Қазоқистон, ки охири ҳафтаи гузашта шоҳиди низоъ буд. 8-уми феврали соли 2020.
Ноҳияи Кордай дар Қазоқистон, ки охири ҳафтаи гузашта шоҳиди низоъ буд. 8-уми феврали соли 2020.

Дар робита ба ҳаводиси рӯзҳои 7-8 феврал дар ноҳияи Кордай, ки боиси марги 10 нафар ва захмӣ шудани даҳҳо тани дигар шуд, мақомоти Қазоқистон 25 парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Дар ин бора Бердибек Сафарбоев, муовини сарвазири Қазоқистон рӯзи душанбеи 10-уми феврал хабар дод.

Ба гуфтаи вай, парвандаҳо бо моддаҳои "бетартибии оммавӣ, даъват ба бетартибии оммавӣ, куштор, авбошӣ, истифодаи хушунат нисбати намояндаи давлат, маҳвсозии амвол ва омодасозии ғайриқонунии аслиҳа", боз шудаанд.

"Вазифаи асосӣ - пайдо кардани ташкилкунандагон, саркардаҳо, иғвогарон ва гунаҳкорон аст",-гуфт Бардибек Сафарбоев.

Ҳодисаҳои рӯзи 7-уми феврали деҳаҳои ноҳияи Кордайи Қазоқистон, мақомоти ин кишварро водор ба эъломи ҳолати фавқулода дар ин ноҳия кард.

Мақомот мегӯянд, ҳодисаҳое, ки ба эҳтимоли зиёд дар пайи "низои маишӣ" сар зад, рӯзи ҷумъаи 7-уми феврал шуруъ шуд ва дар деҳаҳои ноҳияи Кордай паҳн гардид. Баъди бархурди марговар мақомоти Қазоқистон ба ноҳияи Кордай неруи вижа ирсол карданд.

Бино бар нақли сокинон, шоми рӯзи ҷумъа садҳо марди ғайри маҳаллӣ ба деҳоте, ки аксари сокинонаш дунгантаборон ҳастанд, омада, ба латту кӯби бошандагон ва оташ додани хонаҳову мағозаҳо ва мошинҳо шуруъ карданд. Пештар аз ин ҳодиса хабари занозанӣ байни сокинони деҳот паҳн гардида буд.

Рӯзи 9-уми феврал мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки дар ин ҳодисаҳо 300 кас иштирок кардааст.

XS
SM
MD
LG