Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тошканд барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисоди Авруосиё расман дархост накардааст"


Президентҳои Русия ва Узбекистон Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев. Тошканд, 19 октябри 2018.
Президентҳои Русия ва Узбекистон Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев. Тошканд, 19 октябри 2018.

Муовини вазири умури хориҷии Русия Александр Панкин дар суҳбат бо хабаргузории "Россия сегодня" гуфт, аз Узбекистон ё кишвари дигаре барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дархости расмӣ дарёфт накардаанд.

"Шарикони узбек дар суҳбатҳо бо мо тасдиқ мекунанд, ки пайвастани Узбекистон ба ИИАО як қатор ҷанбаҳои мусбатеро дорад. Аз ҷумла, дастрасӣ ба бозори ягона, нерӯи корӣ, хидматрасонӣ, сармоя, ҳамчунин ба тавонмандии сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва технологии иттиҳод фароҳам хоҳад шуд",-изҳор доштааст дипломати рус.

Ёдрас мешавем, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев охирҳои моҳи январ дар як суханронӣ дар порлумон гуфта буд, ки кишвараш барои узви нозири ИИАО шудан омодааст.

Ба гуфтаи Александр Панкин, он дар роҳи расидани Узбекистон ба узвияти комили ИИАО гоми нахустин хоҳад буд.

Эҳтимоли ворид шудани Узбекистон ба ИИАО баҳсҳои тундеро дар ҷомеаи ин кишвар ба бор овардааст. Мухолифон бар инанд, ки ворид шудан ба иттиҳоди мазкур ба истиқлоли Узбекистон хатар дорад.

XS
SM
MD
LG