Отабек Умаров, домоди хурдии Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, роҳбари Конфедератсияи ММА дар Осиёи Марказӣ таъйин шуд.
Тасмим дар бораи таъсиси созмони нави варзишӣ ва интихоби Умаров ба ҳайси роҳбари он дар шӯрои Байналхалқии федератсияҳои муҳорибаҳои омехта (International Mixed Martial Arts Federation – IMMAF) гирифта шуд, ки рӯзҳои 6-8 феврал дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор гардид.
Конфедератсияи муҳорибаҳои омехтаи Осиёи Марказӣ федератсияҳои маҳаллии панҷ кишвар - Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро дар бар мегирад. Қароргоҳи конфедератсия дар Узбекистон таъсис дода хоҳад шуд.
Отабек Умаров ба ҳайси муовини роҳбари хадамоти амнияти президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фаъолият мекунад. Ба ҷуз ин мақом, вай дар ниҳодҳои варзишии Узбекистон масъулият дорад.