Вазорати умури дохилии Қирғизистон аз мусодираи миқдори рекордии маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон хабар медиҳад.
Ба иттилои маркази матбуотии Вазорати умури дохилӣ, Хадамоти мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як шабакаи байналхалқии интиқоли маводи мухаддири афғониро ошкор кардааст.
Мақомоти Қирғизистон 274 килограмм ҳашиш ва 3,5 килограмм метамфетамин ошкор ва мусодира карданд. Интиқолдиҳандагони маводи мухаддир боздошт ва тафтиши ҳодиса шуруъ шудааст.
Миқдори зиёди дигари маводи мухаддир ахиран дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ошкор ва мусодира гардид. Мақомоти қудратии Қирғизистон аз фаъолияти гуруҳи ҷиноие пешгирӣ кардаанд, ки ба таҳияи маводи мухаддир машғул буд.
Дар яке аз манзилҳои ноҳияи Токтогули Қирғизистон дастгоҳи махсуси истеҳсоли маводи мухаддир ошкор шудааст. Мақомот аз он ҷо 87 кило ҳашиш ва 17 кило бангдона мусодира карданд. Тафтишот идома дорад.