Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи "Оскар" имсол насиби "Муфтхӯрон" аз Кореяи Ҷанубӣ шуд


Ҷоизаи Оскар. Акс аз бойгонӣ.
Ҷоизаи Оскар. Акс аз бойгонӣ.

Ҷоизаи "Оскар"-ро дар бахши "Беҳтарин филми сол" филми "Муфтхӯрон"-и коргардон аз Кореяи Ҷанубӣ Пон Чжун Хо соҳиб шуд. Дар таърихи "Оскар" бори нахуст аст, ки дар ин бахш филми бо забони ғайрианглисӣ соҳиби ҷоиза мешавад.

Офарандаи "Муфтхӯрон" Пон Чжун Хо беҳтарин коргардон эълом шуд. "Муфтхӯрон" ҳамчунин дар бахшҳои "Беҳтарин филми хориҷӣ" ва "Беҳтарин филмномаи воқеӣ" соҳиби ҷоиза гардидааст.

Филми мазкур барандаи "Нахли тилоӣ"-и ҷашнвораи Канн ва соҳиби мукофоти Анҷумани мунаққидони синамои ИМА дар бахши "Беҳтарин филми хориҷӣ" ҳам ҳаст.

Филми "Муфтхӯрон" аз нобаробариҳои иҷтимоӣ дар мисоли хонаводаҳои сарватманду камбизоат қисса мекунад.

Соли равон ба ҷоизаи "Оскар" дар бахши "Беҳтарин филм" 9 филм, аз ҷумла "1917", "Муфтхӯрон", "Ирландиҳо", "Боре дар … Ҳоливуд", "Ford зидди Ferrari" ва "Ҷокер" пешниҳод шуда буд.

Хоакин Феникс барои нақши Ҷокер ҳамчун беҳтарин ҳунарманд соҳиби "Оскар" шуд.

Ба Брэд Питт низ барои беҳтарин ҳунарманд дар нақши дараҷаи дувум дар филми "Боре дар … Ҳоливуд" ҷоизаи "Оскар" додаанд. Ин бори дувум аст, ки ӯ соҳиби "Оскар" мешавад. Бори аввал соли 2014 онро ба даст оварда буд.

Филми "Тиреза дар рӯбарӯ" беҳтарин филми кутоҳ дониста шудааст.

Маросими 92-уми супоридани ҷоизаи "Оскар" рӯзи якшанбе дар шаҳри Лос-анҷелеси Амрико баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG