Исроил таҳияи харитаи нави заминҳои худро дар асоси нақшаи пешниҳодии президенти ИМА Доналд Трамп оғоз кард. Сарвазири Исроил Бинёмин Натаняҳу гуфт, ба харитаи нав водии рӯдхонаи Урдун ва минтақаҳое шомил хоҳанд шуд, ки дар онҳо исроилиҳо сукунат доранд.
"Комиссияи махсуси ташкилшудаи амрикоиву исроилӣ аллакай дар авҷи раванди таҳияи харита қарор дорад. Он вақти зиёдро намегирад", -изҳор дошт Натаняҳу.
Вазъ дар Ховари Миёна охирҳои моҳи январи соли равон, пас аз он дубора бад шуд, ки Трамп нақшаи сулҳ миёни Исроил ва Фаластинро пешниҳод кард. Дар он Байтулмуқаддас пойтахти тақсимнашавандаи Исроил номида шуда, таъсиси давлати мустақили Фаластинро танҳо дар соҳили ғарбии Урдун ва навори Ғазза пешбинӣ мекунад.
Худи Трамп пешниҳодашро "созиши аср" номид. Мақомоти Исроил аз он ҷонибдорӣ карда, раҳбари Фаластин гуфт, ҳеч гоҳ онро намепазирад.
Дар ҳамин ҳол раҳбарони кишварҳои африқоӣ нақшаи Трампро сахт танқид карданд. Рӯзи якшанбе 33-умин саммити кишварҳои африқоӣ дар пойтахти Эфиопия - Аддис-Абаба оғоз шуда, дар он ҳудуди 40 раҳбари давлат ва ҳукумати қитъа иштирок доранд.