Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят аз тақаллуб дар интихоботи зудҳангоми порлумонии Озарбойҷон


Озарбойҷон.Боку. Интихоботи порлумонии 9-уми феврали соли 2020
Озарбойҷон.Боку. Интихоботи порлумонии 9-уми феврали соли 2020

Нозирон ва расонаҳои маҳаллӣ аз сабти даҳҳо ҳолати тақаллуб дар интихоботи пешазмӯҳлати порлумонии Озарбойҷон хабар медиҳанд.

Комисияи Марказии интихоботии Озарбойҷон мегӯяд, ин ҳолатҳоро тафтиш хоҳад кард.

Райъдиҳӣ дар интихоботи порлумонии рӯзи 9-уми феврал соати 7-и субҳ бо вақти маҳаллӣ оғоз шуд ва он то соати 8-и шом давом хоҳад кард.

Моҳи декабри соли гузашта Маҷлиси миллии Озарбойҷон, ки аксари аъзояш намояндагони ҳизби ҳокими “Озарбойҷони нав” мебошанд, бо пешниҳоди пароканда кардани порлумон мувофиқат карда, аз президент Илҳом Алиев хостанд, ки интихоботи сартосарии пеш аз мӯҳлатро даъват кунад.

Иттиҳоди мухолифини Озарбойҷон интихоботи пешазмӯҳлатро хилофи меъёрҳои демократӣ хонда, аз ширкат дар он худдорӣ карданд.

Наздики 5 миллион шаҳрванди Озарбойҷон ҳақи ширкат дар интихоботро доранд. Ин кишвар бештар аз 10 миллион аҳолӣ дорад.

Дар интихоботи пешазмӯҳлати 9-уми феврал барои 125 курсии вакили порлумон беш аз ҳазор номзад вориди рақобат шудаанд.

Президенти Озарбойҷон ҳақи пароканда кардани порлумон ва даъвати интихоботи пеш аз мӯҳлатро дорад. Соли 2015 ҳизби “Озарбойҷони нав” худро ғолиби интихобот эълон кард, вале аксари аҳзоби сиёсии мухолифин натиҷаҳои ин овоздиҳиро бойкот карда буданд.

Илҳом Алиев, президенти кунунии Озарбойҷон пас аз марги падараш, ки то соли 2003 раҳбарии ин кишварро дар даст дошт, сари қудрат омад.

XS
SM
MD
LG