Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чинро барои нодида гирифтани ҳушдор аз вирус танқид карданд


Пизишки чинӣ Ли Венлианг
Пизишки чинӣ Ли Венлианг

Баъди марги пизишк Ли Венлианг, Ҳизби ҳокими коммунисти Чин бо мавҷи интиқодҳо рӯбарӯ шуд.

Пеш аз паҳн шудани вируси хатарнок дар Чин ва табдил шуданаш ба як буҳрони ҷаҳонӣ, Ли Венлианг дар моҳи декабри соли 2019 бори аввал аз нишонаҳои зуҳури ин вирус ҳушдор дода буд.

Замоне ки ҳукумати Чин дар ин маврид иқдом накард, Венлианг худ талош кард, ки ба ҳамкорон ва дигарон дар бораи хатарнок будани вирус ҳушдор диҳад. Аммо ӯ пеш аз марг гуфтааст, пулис маҷбур сохта буд, то баёнотеро имзо гузорад ва пазирад, ки иттилооти нодуруст пахш мекард.

Ин пизишки 34-сола ҳангоми табобати беморон дар шаҳри Вуҳан ба вирус гирифтор шуд ва сипас ҷон дод.

Дар дохил ва хориҷи Чин ҳукумати ин кишварро барои нодида гирифтани ҳушдори Ли Венлианг танқид мекунанд, ки боис ба буҳрони ҷаҳонӣ шудааст.

Чин рӯзи 8-уми феврал эълом кард, ки шумори ҷонбохтагон аз вирус дар ин кишвар ба 722 нафар расид ва шумораи мубталоён ба беш аз 34500.

Сафорати Амрико дар Пекин рӯзи шанбе гуфт, як шаҳрванди 60-солаи амрикоӣ дар шаҳри Вуҳан ба ин вирус мубтало шуда, ҷон бохтааст. Ҷопон низ аз марги як шаҳрванди ин кишвар дар Вуҳан хабар дод.

XS
SM
MD
LG