Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи дувумбора барои кушодани масҷиди бузургтарини Тоҷикистон


Масҷиди бузургтарини Тоҷикистон. Акс аз Саъдӣ Юсуфӣ
Масҷиди бузургтарини Тоҷикистон. Акс аз Саъдӣ Юсуфӣ

Мақомоти Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими миллии Тоҷикистон гуфтаанд, бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ, ки бо пули Қатар дар Душанбе бунёд шуд, дар остонаи ҷашни имсолаи Наврӯз ба истифода дода мешавад. Дар ин бора оҷонси давлатии "Ховар" рӯзи 8-уми ферал хабар дод.

Мақомот соли гузашта гуфта буданд, ки масҷидро дар моҳи октябр мекушоянд, аммо бо сабабҳои номаълум ин кор сурат напазируфт.

Бузургтарини масҷид дар Тоҷикистон дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз 4 манораи баландиашон 65-метрӣ, гумбази 47-метрӣ, толори бузург, толорҳои хурди намозгузорӣ, китобхона ва нишеману утоқҳои сершумор барои ҷаласаҳо иборат аст.

Масҷиди бузургтарини Тоҷикистон. Акс аз Саъдӣ Юсуфӣ
Масҷиди бузургтарини Тоҷикистон. Акс аз Саъдӣ Юсуфӣ

Хишти аввали сохтмони ин масҷидро соли 2009, дар рӯзҳои таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузоштаанд.

Дар гузашта мақомот гуфта буданд, ки сармоягузори аслии тарҳ Қатар аст, ки танҳо барои сохтмони он 70 миллион доллар ҷудо кард. Тоҷикистон ҳам гуфт, барои бунёди ин масҷид 30 миллион доллар додааст. Дар ҷараёни сохтмони он чанд нафар маҷруҳ шудаанд.

Масҷиди бузургтарини Тоҷикистон дар ҳоле мавриди истифода қарор мегирад, ки тайи солҳои гузашта даҳҳо ибодатгоҳи мусалмонон дар кишвар бо баҳонаи надоштани санади расмӣ ваё мувофиқ набудан ба мактабу чойхона ва тарабхона табдил дода шудаанд.

Кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳар сол дар гузоришҳои худ Тоҷикистонро барои эҷоди маҳдудиятҳои динӣ танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG