Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, раҳбари "Ал-Қоида" дар нимҷазираи араб кушта шуд


Қосим Ар-Раймӣ, раҳбари Ал-Қоида дар нимҷазираи араб.
Қосим Ар-Раймӣ, раҳбари Ал-Қоида дар нимҷазираи араб.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе гуфт, дар натиҷаи як амалиёти махсуси нерӯҳои амрикоӣ дар Яман раҳбари гуруҳи ҳаросафкани "Ал-Қоида дар нимҷазираи араб" Қосим Ар-Раймӣ кушта шуд. Ба гуфтаи президенти ИМА, ин гурӯҳ ба раҳбарии Қосим ар-Раймӣ нисбат ба сокинони осоиштаи Яман амалҳои бераҳмона ва зидди Амрико ҳамлаҳои бешумор анҷом додааст.

Трамп афзуд, ки куштори ар-Раймӣ "Ал-Қоида"-ро заифтар сохта, аз байн бурдани таҳдидҳоеро наздик месозад, ки ин гурӯҳҳо барои амнияти миллии ИМА доштанд. Вале ӯ нагуфт, ки ар-Раймӣ кай кушта шудааст.

Бино ба иттилои нашрияи The New York Times, ИМА чанд моҳ буд, ки маҳалли будубоши Ар-Раймиро пайгирӣ мекард. Идораи марказии иктишофии ИМА моҳи ноябри соли 2019 аз хабарчинҳо дар Яман дар бораи маҳалли будубоши Ар-Раймӣ маълумот дарёфт кардааст.

Бино ба хабарҳо, Ар-Раймӣ чанд рӯз пеш дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар шаҳри Маъриби Яман кушта шудааст.

Пештар Ал-Қоида масъулияти ҳамла ба пойгоҳи низомиро дар Флорида бар зимма гирифта буд. Ин ҳодиса моҳи декабри соли 2019 рух дода, як донишомӯзи низомии саудӣ зидди сарбозони амрикоӣ оташ кушод, ки дар натиҷа се кас кушта ва ҳашт нафари дигар захмӣ шуданд. Худи ҳамлагар низ кушта шуд ва ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номиданд.

Ба огаҳии Вашингтон, Ар-Раймӣ солҳои 90-ум ба Ал-Қоида пайваста, дар Афғонистон дастурҳои раҳбари вақти гурӯҳ Усома ибни Лодинро иҷро мекард.

XS
SM
MD
LG