Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳалокати "афсарони ФСБ"-ро дар Сурия тасдиқ кард


Нерӯҳои Русия дар Сурия. 5-уми ноябри соли 2019.
Нерӯҳои Русия дар Сурия. 5-уми ноябри соли 2019.

Вазорати умури хориҷии Русия бори нахуст расман хабар дод, ки моҳи январи соли равон дар вилояти Идлиби Сурия "низомиёни рус" кушта шуданд.

"Низомиёни рус ва турк миёнаҳои моҳи январ талоши навбатии худро барои ҷорӣ кардани "низоми оромӣ" дар вилояти Идлиб анҷом доданд. Вале террористҳо ба ҷои коҳиши фаъолиятҳои ҷангӣ ҳамлаҳои худро афзоиш доданд. Танҳо дар ду ҳафтаи ахири моҳи январ беш аз 1000 ҳамла сурат гирифтааст. Дар натиҷа мутахассисони низомии русу турк ба таври фоҷеабор ҷон бохтанд",-омадааст дар иттилоияи вазорат.

Вазорати умури хориҷии Русия дақиқ нагуфтааст, ки чанд низомӣ кушта шуданд ва онҳо аз кадом қисми низомӣ буданд. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар посух ба дархости шарҳи ҷузъиёти қазия, тавсия дод, ки "ба ВУХ-и ин кишвар муроҷиат кунед".

Нерӯҳои президенти Сурия Башор Асад аз аввали соли равон бо дастгирии низомиёни рус ҳамла ба мавзеъҳои мухолифони мусаллаҳро дар шимолу ғарби Сурия - вилояти Идлиб оғоз кардаанд. Расонаҳо ибтидои моҳи феврал хабар доданд, ки чаҳор афсари Маркази таъиноти махсуси Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) дар Сурия кушта шуданд. Вале ин хабар то ба ҳол расман тасдиқ нашуда буд.

Нерӯҳои Русия тирамоҳи соли 2015 вориди Сурия шуданд. Ба иттилои расмии Вазорати дифои Русия, дар натиҷаи амалиётҳои низомии ин кишвар дар Сурия беш аз 40 низомии рус ҷон бохтаанд. 50 қурбонии дигар ба "талафоти ғайриҷангӣ" - суқути чандин чархболу ҳавопаймоҳои низомии Русия дар он кишвар рабт доранд.

XS
SM
MD
LG